05:48 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.64
  • RUB0.15
Утоқ дар хобгоҳ, акс аз бойгонӣ

ВУД: 170 сомонӣ - ҳаққи фоҳишахона барои меҳмонон дар Душанбе

© Sputnik Игорь Логвин
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
557 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 47-сола хабар дод, ки дар ташкили фоҳишахона муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. ВУД мегӯяд, боздоштшуда, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буда, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Мастонгулови пойтахтро ба фоҳишахона табдил додааст.

Манбаъ афзуд, ки зани муттаҳам 25 августи соли 2018, тахминан соати 16:00 барои ҷуфте, ки аз навоҳӣ ба пойтахт омадаанд, шароит барои алоқаи ҷинсӣ фароҳам кардааст.

"Гумонбар барои марди 30-сола аз ноҳияи Темурмалик ва зани 22-сола, сокини ноҳияи Фархор барои алоқаи ҷинсӣ шароит муҳайё намуда, аз онҳо 170-сомонӣ муқофотпулӣ гирифтааст", — иттилоъ додааст ВУД.

Манбаъ таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
парвандаи ҷиноӣ, боздошт, мукофот, фоҳишахона, меҳмонхона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ