11:20 26 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Корд дар даст, акс аз бойгонӣ

Ҷанҷоли оилавӣ: домод падарарӯсашро корд зад

CC0 / pixabay
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
55310

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 27-сола, сокини шаҳри Ҳуҷанд, хабар дод, ки падарарӯсашро бо корд се зарба задааст

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодиса 6 сентябр тахминан соати 11:00 рух додааст.

"Муттаҳам дар хонаи истиқоматии муваққатиаш, бо падарарӯси 50-солааш, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, се бор ба аъзои баданаш задааст", — омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ВУД таъкид кард, ки нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
падарарӯс, домод, кордкашӣ, ҷанҷол, оилавӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ