09:47 17 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Мард бо корд, акс аз бойгонӣ

Таҳдид ба падар: пул деҳ ё писарчаатро корд мезанам

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
508 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 29-солаи ноҳияи Мастчоҳ хабар дод, ки дар роҳзанӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУД,  ҳодисаи роҳзанӣ шаби 12-уми сентябр дар ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи Мастҷоҳ рух додааст.

Ба идораи милиса дар ноҳияи Мастчоҳ ҷавони 28-сола, сокини маҳалллӣ муроҷиат карда, арз доштааст, тахминан соати 24:00 шахси номаълуми ниқобпӯши бо корд мусаллаҳ, ба хонаи истиқоматиаш даромада, таҳдид кардааст, ки писарчаи 10-солаашро корд мезанад.

Манбаъ мегӯяд, ҳамлагар бо таҳдиди он, ки писари 10-солаи соҳибхонаро корд мезанад,  аз ӯ 44 ҳазор сомонӣ, 3 телефони мобилии тамғаҳои "Айфон-5", "ОППО" ва "Нокиа", ки арзишашон 2400-сомониро ташкил медиҳад, гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Тибқи иттилои ВУД бо иттиҳоми содир кардани ин ҷиноят марди 29-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ки пеш барои авбошӣ суд шудааст, боздошт гардид.

Манбаъ афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
падар, Мастчоҳ, парванда, таҳдидҳо, боздошт, ҳамла, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ