Зуҳуров ва Ракита масъалаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русияро баррасӣ намуданд

© Sputnik Рукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони парлумони Тоҷикистону Русия доир ба масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ, энергетика, маориф ва муҳоҷират мулоқот анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе  Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Русия зери роҳбарии Александр Ракита мулоқот анҷом дод, иттилоъ додааст хабаргузории "Ховар".

Манбаъ афзудааст, ки дар мулоқот мавзӯъҳои ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Русия ин баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи Душанбе ва Маскав дар ҳама заминаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуда, буданд.

"Ҳамкории ҳасанаи байни Маҷлиси намояндагон бо  парлумони Русия аз муносибати хуби сарони ҳарду давлати дӯст сарчашма мегирад. Боздидҳои мутақобилаи Президентҳои Тоҷикистон ва Русия ва сафари намояндагони расмии сатҳи олии ду кишвар ба мамлакатҳои якдигар барои боз ҳам густариш ёфтани ин ҳамкорӣ заминаҳои мусоид фароҳам овардаанд", — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Ҷонибҳо оид ба масъалаи ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ, энергетика, маориф ва муҳоҷират таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Лентаи хабарҳо
0