11:18 26 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Автомобили на дороге, архивное фото

Тоҷикистон аз ҳисоби шумораи роҳҳои транзитӣ ба Узбакистон ҷои аввалро ишғол кард

© Sputnik / Михаил Киреев
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
16610

Дар Узбакистон муҳлати буду боши муваққатии нақлиёти транзитӣ тамдид шудааст

ДУШАНБЕ, 18  дек — Sputnik. Мақомоти Узбакистон 47 роҳи навро, ки барои рафтуомади мошинҳои транзитии хориҷӣ ба Узбакистон муайян шудаанд, тасдиқ кард, қарори лозимаи ҳукумат дар ин бора дар саҳифаи пойгоҳи қонунгузории миллӣ дастрас шудааст.

Мувофиқи қонунгузории кишвар, воситаҳои нақлиёти хориҷии транзитӣ дар Узбакистон, метавонанд танҳо дар роҳҳои барои автомашинаҳои хориҷӣ бунёдшуда, ҳаракат кунанд. То ҳол 52 хатсайр дар истифода қарор дошт.

“Номгӯи роҳҳое, ки барои ҳаракати автомашинаҳои боркаши транзитии хориҷӣ дар ҳудуди Узбакистон пешбинӣ шудаанд, ин хатсайрҳои №53-99 мебошанд”, - навишта шудааст дар матни санади мазкур.

Ҳамин тариқ миқдори онҳо ба 1,9 маротиба зиёд шудааст. Мувофиқи рӯйхати нав аз ҳама хатсайри зиёди воридшаванда ба Узбакистон аз Тоҷикистон – 18 ва Туркманистон -12 мебошанд.

Ҳамчунин муҳлати зиёди буду боши муваққатии мошинҳои боркаши транзитии хориҷӣ дар ҳудуди Узбакистон аз 3 то 6 рӯз тамдид карда шудааст. Ин маҳдудият ба хориҷиёне, ки дар ҳудуди Узбакистон бо мақсади сайёҳӣ ва ғайритиҷоратӣ ҳаракат мекунанд, дахл надорад.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мавзеъҳои зиёде дар марзҳои Узбакистон бо ҳамсоякишварҳояш, ки аъзои ин Иттиҳод буданд ба мувофиқа дароварда нашуданд, ки сабаби муноқишаҳои ҳамешагии сарҳадӣ мешуданд.

Солҳои охир дар ин марзҳо даҳҳо муноқишаҳо ба воситаи яроқу силоҳҳо ба вуқуъ пайваста шуда буданд. Раисҷумҳури нави Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар қатори дигар ӯҳдадориҳои аввалиндараҷаи хеш, масоили сиёсати берунаи кишварро “азнавсозӣ” карда, муносибатҳоро бо ҳамсоякишварҳои минтақавӣ кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мушкилиҳои марзию сайёҳӣ ва додугирифти иқтисодию бозоргонӣ хуб кард.  

Барчаспҳо:
сайёҳи, додугирифт, Тоҷикистон, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ