14:50 16 январи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.79
  • RUB0.14
Валюта в ассортименте задержана Минераловодской таможней

Шаҳрванди Тоҷикистон барои қасди қочоқи 7 навъи асъор аз Русия боздошт шудааст

© Северо-Кавказское таможенное управление
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
108 0 0

Шаҳрванди Тоҷикистон мехостааст ба таври ғайриқонунӣ 7 навъи асъори баробар бо 60 ҳазор долларро аз Русия ба Озорбойҷон барад

ДУШАНБЕ, 25 дек - Sputnik. Дар фурудгоҳи “Минералние Води" ҳангоми  аз Русия берун бурдани маблағи иборат аз 7 навъи асъор шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шудааст, хабар додааст дафтари матбуотии саридораи гумруки Қафқози Шимолӣ.

Ба маълумоти муассисаи мазкур, зодаи Тоҷикистон барои нишастан ба ҳавопаймои хатсайри байналмилалии “Минералние Води – Боку” назорати гумрукиро  мехостааст гузарад.

Дар рафти тафтишот кормандони хадамоти гумрук аз ин мусофир маблағи калони қайднашударо бо асъорҳои гуногун, пайдо кардаанд.

Қайд шудааст, ки аз вай доллар, евро, рубл, лари гурҷӣ, реали иронӣ, тенгаи қазоқӣ ва манати озарӣ пайдо кардаанд. Дар ҳаҷми умумӣ шаҳрванди Тоҷикистон мехостааст аз Русия 4 миллион рубл ва ё қариб 60 ҳазор долларро берун барад.

Мувофиқи қонунгузории Русия мусофирон метавонанд ҳамроҳи худ ҳар навъи асъоре, ки набошад баробар бо 10 ҳазор доллар бо ҳам берун баранд.

Ҳангоми суҳбат ин зодаи Тоҷикистон гуфтааст, ки аз қонунгузории Русия хуб огоҳ набудааст ва зарурати қайд кардани маблағро дар гузаргоҳҳои гумрукӣ намедонистааст.  

Кормандони дахлдори фурудгоҳ ҳамаи маблағро аз ӯ гирифта дар манзили нигоҳдорӣ барои исботи моли худ ҷой кардаанд.

Нисбати вай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Барои ин гуна қонунвайронкунӣ шаҳрванди Тоҷикистонро ҷарима ва ё ба муҳлати то 4 сол маҳрум аз озодӣ таҳдид мекунад.

Барчаспҳо:
рубл, асъор, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ