11:35 22 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Автомобиль скорой и неотложной медицинской помощи, архивное фото

Ронандаи автобус аз Тоҷикистон дар Екатеринбург ба садама дучор шуд

© Sputnik / Евгений Биятов
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
97 0 0

Дар Екатеринбург ба таври ногаҳони ба пеши автобус автомобили ҷипе баромада мусофиркашро ба садама дучор кардааст, ки дар натиҷа 11 мусофир ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол шудаанд

ДУШАНБЕ, 29 дек - Sputnik. Дар Екатеринбург дар натиҷаи садамаи автобуси мусофиркаш чандин нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд, хабар додааст дафтари матбуотии Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Свердловск.

Садамаи мазкур рӯзи шанбе ба вуқуъ пайвастааст.

Ба иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, дар чорроҳаи хиёбони Ленин ва кӯчаҳои Сакко ва Вантсетти автобуси мусофиркаш аз самти ҳаракат берун шуда, ба чароғак бархурдааст. Дар натиҷа, на кам аз 10 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд, ки дар байнашон ноболиғон низ будаанд.

Нисбати ҳодисаи мазкур тафтишот оғоз шудааст.

Дар дафтари матбуотии ВКД Русия дар вилояти Свердловск тасдиқ карданд, ки ронандаи автобус тоҷик будааст.

Автобуси мусофиркаш ба сӯи маркази Екатеринбург ҳаракат мекардааст, ки ногаҳон ҷип ба пешаш гузаштааст.

Аз ин сабаб, ронандаи автобус чанбаракро тез ба тарафи рост тоб дода, ба чароғаки роҳнамо бархӯрдааст.

Тасдиқ шудааст, ки дар натиҷаи садама 11 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд, ки байнашон 4 ноболиғ низ будаанд. Ҳамаи ҷароҳатбардоштагон ба беморхона фиристода шудаанд.

Барчаспҳо:
ҷароҳат, садама, тоҷик, Екатеринбург

Мавзӯъҳои асосӣ