05:38 17 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.63
  • RUB0.15
Роҳаткурсӣ, акс аз бойгонӣ

Тағйироти кадрӣ дар сафоратҳои Тоҷикистон

Sputnik / Владимир Федоренко
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
593 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Ализода Назирмадро аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Муғулистон барканор кардааст

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Тибқи фармони имзокардаи раисиҷумҳур сабаби барканории Ализода гузаштан ба кори дигар мебошад.  Сафири нави Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода таъин гардид, ки бо қарори Ҳукумат аз мақоми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон озод гардид.

Бо фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон, сафири Тоҷикистон дар Беларус Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд ҳамзамон сафир дар Литва таъин гардид.

Инчунин Ҷонон Шералӣ Сайдамир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Покистон ва ҳамзамон Шри-ланка озод шудааст.

Мақомҳои нави Шералӣ Ҷонон ва Ализода Назирмад феълан маълум нест.

Мавзӯъҳои асосӣ