17:40 24 январи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Дузд, акс аз бойгонӣ

Боздошти мардони 58 ва 47-сола барои дуздии пистаҳои марди 66-сола

CC BY 2.0 / *sax / Caught in the Act
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
79 0 0

Маъмурини милиса ду сокини шаҳри Конибодомро боздошт кардаанд, ки дар дуздии писта муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, боздоштшудаҳо - мардони 58 ва 47-сола дар дуздии 54 кило мағзи писта муттаҳам мешаванд.

“Номбурдагон, рӯзҳои 10 то 16-уми декабри соли 2018 аз набудани соҳибхона истифода бурда, бо тариқи девор ба хонаи истиқоматии марди 66-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз он ҷо 54 килограмм мағзи пистаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ зарари расонидашударо 7 ҳазору 20 сомонӣ гуфта, афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ