02:22 21 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Социальная сеть Фейсбук, архивное фото

Facebook саҳифаҳои хабаргузории Sputnik-ро ҳазф кард

© Sputnik / Наталья Селиверстова
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
103 0 0

Facebook саҳифаҳои оҷонсии Sputnik-ро ҳазф карда 7 акаунти расонаро масдуд кардааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik.  Ҳазф кардани зиёда аз 500 “акаунт”-и ба Русия таалуқ дошта ва аз ҷумла 7 саҳифаи хабаргузории Sputnik аз тарафи ширкати Facebook хусусияти сиёсӣ дорад, гуфтааст дафтари матбуотии Sputnik.

Имрӯз роҳбари шуъбаи амнияти кибернетикии Facebook Натаниел Глейхер изҳор доштааст, ки “364 саҳифаи Facebook дар Русия аз сабаби даст доштан ба амалҳои берун аз чаҳорчубаи Шабака ва дар ин ҳол худро аз кишварҳои Прибалтика, Осиёи Миёна, Қавқоз ва аз қисмати Марказиву Шарқии Аврупо нишон додан,  ҳазф карда шуданд”.

Ғайр аз ин ширкат 107 саҳифаи Facebook ва 41 акаунтро аз Instagram ҳазф кардааст. Сабаби нест кардани ҳамаи ин саҳифаҳо дар он аст, ки “соҳибони саҳифаҳо худро аз Украина нишон дода якчанд акаунтҳои сохтакоронаро идора намуда, оид ба Украина дар мавзуҳои боду ҳаво, эътирозҳо, НАТО ва шароитҳои санитарӣ дар мактабҳо хабр нашр мекардаанд”.

Мувофиқи маълумоти ширкати Facebook ҳамаи саҳифаҳои иҷтимоӣ ва акаунтҳо ба Русия таалуқ доранд.

Барчаспҳо:
шабакаи иҷтимоӣ, ҳазф, Facebook, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ