14:38 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Астероид, архивное фото

Олимон бархӯрди замин бо астероидро пешгӯӣ карданд

© NASA
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
287 0 0

Олимони рус гуфтаанд, ки хусусияти асосии астероиди Апофис - ин наздикшавии он дар соли 2029 ба замин аст

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Астероиди Апофис дар соли 2068 метавонад ба замин афтад, аммо дар соли 2029 ба замин 10 баробар нисбати дурии моҳтоб наздик мешавад, гуфтаанд дар кафедраи механикаи фазоии Донишгоҳи Санкт-Петербург.

“Хусусияти асосии ин астероид дар он аст, ки наздикшавии вай ба замин 13 апрели соли 2029 бо дурии 37,6 ҳазор километр (Моҳтоб аз замин 384 ҳазор километр дур аст) аниқ муайян шудааст. Гузашти астероид чанд масир дорад, яке аз онҳо эҳтимолияти наздикшавӣ ба курраи замин аст, ки дар соли 2051 сурат хоҳад гирифт. Имкони фаромадани астероидҳо зиёд аст, аммо имрӯз бархӯрди Апофиса бо замин, ки аз ҳама хавфноктар аст дар соли 2068 дар назар аст”, - омадааст дар маърӯзаи олимон.

Масири бархӯрди астероид ба замин, ки соли 2068 дар назар аст дар соли 2044  ба сайёра 16 миллион километр наздик мешавад ва дар соли 2060 ба 5 милион километр мерасад.  

Дар бораи бархӯрди астероид бо замин дар соли 2068 ин хулосаи олимони НАСА аст.

Астероиди Апофис, ки ҳаҷмаш 325 метрро ташкил мекунад дар соли 2004 кашф шуда буд. Ин кашфёт ҳангомаи зиёдро ба бор овард. Мувофиқи ҳисобҳо 2,7% олимон бовари доштанд, ки дар соли 2029 Апофис ба замин бар мехӯрад, аммо баъдан олимон ин таҳдидро истисно намуда, ба хулоса омаданд, ки астероид 13-уми апрели соли 2029 дар фосилаи 37,6 ҳазор километр дур аз маркази замин мегузарад.

Инчунин муайян карданд, ки баъди наздикшавии соли 2029 астероид ба замин наздик мешавад ва дар гардиши навбатӣ ба замин бар мехӯрад.

Барои ба вуқуъ пайвастани ин ҳодиса астероид бояд ба як “сурохии хурде” дар фазо, гузарад.

Чанде пеш олимон эълон карда буданд, ки ҳангоми гузаштани астеорид аз “сурохии хурде” дар фазо метавонад дар соли 2036 ба замин афтад, аммо баъдтар ин ҳам истисно шуд.

Барчаспҳо:
замин, фазо, осмон, Олимон

Мавзӯъҳои асосӣ