21:54 18 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Продавец в магазине считает сдачу

Тоҷикистон дар раддабандии иқтисоди озод 16 зина поён рафт

© Sputnik / Амир Исаев
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
117 0 0

Тоҷикистон дар раддабандии иқтисоди озод миёни кишварҳои дунё нисбати соли гузашта 16 зина поён рафтааст

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik.  Тоҷикистон дар раддабандии коршиносони пажуҳишгоҳи таҳқиқотии Heritage Foundation миёни 180 кишвари дунё ҷои 122-юмро ишғол намудааст.

Дар ин ҳол Тоҷикистон нисбати соли гузашта16 зина поён рафтааст.

Дар муқоиса ба соли гузашта баҳои Тоҷикистон аз сабаби сатҳи пасти молиявӣ, озодии соҳибкорӣ ва тиҷорат ба  2,7 хол костааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин раддабандӣ Қазоқистон дар ҷои 59, Қирғизистон – 79, Туркманистон – 164 ва Узбакистон – 140 қарор гирифтаанд.

Индекси иқтисоди озод аз рӯи 10 нишондиҳанда ҳисобида мешавад: озодии тиҷорат, соҳибкорӣ, сектори молиявӣ, сармоягузорӣ, меҳнат, хазинаи давлатӣ, кафолати ҳуқуқи моликият, сатҳи ҳуҷҷатбозӣ ва ҳимоя аз коррупсия.

 Коршиносони пажуҳишгоҳи таҳқиқотии Heritage Foundation аз соли 1995 инҷониб чунин таҳлилҳо баргузор мекунад.

Барчаспҳо:
иқтисод, поён, раддабандӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ