Раиси Хатлон: табибоне, ки рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя мекунад, мукофотпулӣ мегиранд

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон қарор дар бораи ҳавасмангардонии табибоне, ки ба корҳои илмӣ машғул мебошанд, ба тасвиб расонд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Тибқи қарори Қурбон Ҳакимзода, раиси  вилояти Хатлон ба  табибоне, ки рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя мекунанд, мукофотпулӣ дода мешавад, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”.  

Праздничный таджикский дастархан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мукофот 10 ҳазор сомонӣ: Шоҳмансур ва Мурғоб ғолибони озмуни “Дастархонороӣ” гардиданд

Бино бар иттилои манбаъ, бо мақсади рушди илми тиб, ҷалби табибони вилоят ба корҳои илмӣ ва ҳавасманд гардондани онҳо ҳамасола ба табибоне, ки рисолаҳои илмии номзад ва доктори илмҳои тибро дифоъ хоҳанд кард, мукофотпулӣ дода мешавад.   

“Мукофотпулӣ барои дифои рисолаи номзадӣ 5 ҳазор сомонӣ ва барои дифои рисолаи докторӣ  10 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст”, - гуфт манбаъ.

Ҳамзамон,  тибқи  ин қарор,  ҳамасола то 1 декабр озмунҳои “Беҳтарин муассисаи тиббии сол”, “Беҳтарин табиби сол”, “Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол” ва “Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят” гузаронда мешаванд.

Маблағи мукофотпулии ҳар як озмун 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0