04:08 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Автомобили на проезжей части, архивное фото

Ҳалокати Ҷураев Азиз дар Афғонобод: зери чархи мошин ҷон дод

© Sputnik / Илья Питалев
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
190 0 0

Ронандаи ҷавон Раҳимов Шаҳбоз, сокини деҳаи Афғонобод Ҷураев Азизро пахш кардааст.

ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки шоми 3 апрели соли 2019 пиёдагард Ҷураев Азиз зери мошин монда, ҷон дод.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 3-юми апрели соли 2019, тахминан соати 21:40, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Некси”, Раҳимов Шаҳбоз Ҳамроқулович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Турсунзода аз самти шаҳри Ҳисор ба самти шаҳри Турсунзода сафар мекард.

Дар роҳ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҷураев Азиз Турсунович, соли таваллудаш 1972, сокини деҳаи Афғонободро пахш намудааст. 

Ин фоҷиа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Афғонобод ба вуқӯъ пайвастааст.

Манбаъ афзуда, ки дар натиҷа, пиёдагард Ҷураев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

ВУД мугӯяд, ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ