22:16 25 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Здания Министерства культуры и Счетной палаты

Ҷоизаи навтаъсиси Вазорати фарҳанг ба Ҳабибулло Абдураззоқов дода шуд

© Sputnik
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
167 0 0

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов-асосгузори Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту», бо ҷоизаи навтаъсис қадрдонӣ шуд

ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов-асосгузори Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту», ки соли равон аз таъсиси он 30 сол пур мешавад, соҳиби ҷоизаи махсуси навтаъсис-«Насли пуршараф» гардид.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҷоизаи "Насли пуршараф", ҷоизаи навтаъсис буда, ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов барои саҳми назаррас дар рушди театр, супорида шудааст.

"Муовини якуми вазири фарҳанг Обид Назариён ва муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода барои саҳми назаррас дар рушди театр ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов ҳамчун асосгузори Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту», ки соли равон аз таъсиси он 30 сол пур мешавад, ҷоизаи махсуси навтаъсисро бо номи «Насли пуршараф» супориданд",-омадааст дар хабарнома.

Обид Назариён ва Зевар Давлатзода ҳамчунин, профессор Тамара Абдушукурова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Ғуломова, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Турахон Аҳмадхонов, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Марям Исоева, Сайрам Исоева, Носир Ҳасановро бо диплом барои садоқат ба касб ва саҳми назаррас дар рушди санъати театрӣ қадр намуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ