14:08 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Автомобили JAC казахстанской сборки, архивное фото

Воридоти мошинҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфт

© Фото : Пресс-служба AllurGroup
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
31910

Дар соли 2018 ба Тоҷикистон бештар аз 6 ҳазор воситаи нақлиёт ба маблағи бештар аз 47,5 миллион доллар интиқол дода шуд

ДУШАНБЕ, 14 мая — Sputnik. Дар чор моҳи соли 2019 дар Тоҷикистон воридоти худравҳои хориҷӣ то 61,1 дар сад зиёд шуд, хабар медиҳад ТоҷикТА.

Бино бар иттилои Ожонси омори назди раисҷумҳури Тоҷикистон, аз моҳи январ то апрел воридот 5,9 ҳазор воситаи нақлиётро ташкил дод.

Қайд карда мешавад, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта воридот то 61,1 дар сад бештар шудааст.

Моҳҳои январ-апрели соли 2018 ба Тоҷикистон 3,6 ҳазор мошин ба маблағи 25,8 миллион доллар ворид гардида буд.

Мошин бештар аз кишварҳои Балтия ва Аврупо ворид мешавад.

Ёдрас мешавем, Тоҷикистон соли 2018 воридоти мошинҳои хориҷии соли бароришашон то соли 2005-ро мамнӯъ карда буд. Гуфта мешуд, ин иқдом ба хотири амнияти экологӣ пеш гирифта шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ