Тошев зидди тими Қирғизистон дар Душанбе “бозингари 12”-умро даъват кард

© ФФТУсмон Тошев – главный тренер олимпийской сборной Таджикистана
Усмон Тошев – главный тренер олимпийской сборной Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон мегӯяд, ҳайати асосӣ дар сабқат бо тими Қирғизистонро танҳо як соат пеш аз оғози бозӣ муайян мекунад

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Александр Крестинин, сармураббии тими миллии Қирғизистон ва ҳамтои тоҷикистонияш Усмон Тошев дар Душанбе як рӯз қабл аз бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 миёни дастаҳои ду кишвар нишасти матбуотӣ баргузор карданд. Ин сабқат 5 сентябр дар назар аст.

Футболист на поле, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Беҳтаринҳои футболи тоҷик дар моҳи август муайян шуданд

Нахуст сармураббии рустабори  дастаи  мунтахаби  Қирғизистон Александр Крестинин ба ҷониби Тоҷикистон барои истиқболи гарму самимӣ ташаккур гуфт.

"Тавре ба ҳамагон маълум аст, фардо бозиҳои нахустини марҳилаи гурӯҳии даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оғоз мешаванд. Ҳар дастае, ки иштирокчии гурӯҳи “F” аст, мехоҳад нахустин рақобаташро бо пирӯзӣ оғоз кунад. Инро  танҳо вақт нишон медиҳад ва 5 сентябр, соати  19:00   мебинем, ки дар майдон кӣ пирӯз мешавад", - иттилоъ додааст “Ховар” аз қавли Крестинин.

Сармураббии  дастаи мизбон  Усмон Тошев изҳор дошт, ки ҳар дастае, ки ба майдон мебарояд, бояд бо худ мақсади муайян дошта бошад.

Сборная Таджикистана по футзалу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мунтахаби футзали Тоҷикистон чор бозии дӯстона баргузор мекунад

Ӯ хабар дод, ки тимаш тамринҳоро хуб оғоз кард ва бегоҳи 4 сентябр охирин машқи худро пеш аз бозӣ баргузор мекунад.

“Дар мавриди ҳайати асосӣ ҳоло ман чизе гуфта наметавонам. Ҳайати асосӣ танҳо як соат пеш аз бозӣ маълум мешавад. Мо танҳо барои пирӯзӣ мубориза мебарем. Зимни  тамринҳо мо мушоҳида намудем, ки рӯҳияи бачаҳо болида аст ва дар байни онҳо ягон нофаҳмӣ нест. Бачаҳои мо пурра ба бозӣ бо дастаи  мунтахаби  Қирғизистон омода ҳастанд”, - иттилоъ дод “Ховар” аз қавли Тошев.

Сармураббӣ аз кулли мухлисони тоҷик, ки онҳо дар майдон футболбози 12-ум ба шумор мераванд, даъват ба амал овард, ки фардо ба Варзишгоҳи марказӣ омада, бачаҳоро дастгирӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0