11:02 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Ҷонибек Муродов, овозхон, акс аз бойгонӣ

Дар ҳавои кушод барои оммаи васеъ: консерти Ҷонибек дар Гулистону Дамирбек дар Деваштич

© Sputnik
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
48810

Барномаҳои консертӣ бо иштироки сарояндаҳо - Ҷонибек Муродов дар Гулистон ва Дамирбек Олимов дар ноҳияи Деваштич дар назар дошта шудааст

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ин ду барномаи консертии сарояндаҳоро, масъулини ҳукуматҳои шаҳри Гулистон ва ноҳияи Деваштич роҳандозӣ мекунанд.

Ҷонибек Муродов рӯзи 15-уми сентябр дар шаҳри Гулистон ва Дамирбек Олимов рӯзи 18-уми сентябр дар ноҳияи Деваштич ҳунарнамоӣ мекунанд.

Аз Раёсати фарҳанги Суғд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки  консерти ин ду сарояндаи ҳоло пуртамошобини санъати эстрадаи тоҷик бо ташаббуси худи ҳукуматҳои шаҳру ноҳияи Гулистон ва Деваштич доир мешавад.

Баромади ҳофизон дар майдони васеъ, барои тамошобинон, ба солрӯзи 28-умини Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, санаи 15-уми сентябр, рӯзи расмии шаҳри Гулистон аст.  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон дар асоси як қарор дар соли 2016, санаи 15-уми сентябрро Рӯзи шаҳри Гулистон эълон кард.

Аз соли 2016 ба ин тараф ҳар сол дар ин сана дар шаҳри Гулистон бо иштироки масъулин ва сокинон чорабинии фарҳангӣ доир мегардад.

Ҷонибек Муродов ва Дамирбек Олимов аз сарояндаҳои хушсадои тоҷик гуфта мешаванд, ки дар миёни сокинон маҳбубияти зиёд доранд.

Мавзӯъҳои асосӣ