Ҳалокати хонандаи синфи 7 дар Шаҳринав: зери чархи "ЗИЛ" мондааст

CC0 / Pixabay / Грузовик ЗИЛ. архивное фото
Грузовик ЗИЛ. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як хонандаи синфи 7-ум дар ноҳияи Шаҳринав аз беэҳтитии ронандаи ҷавон зери чарх мондаву ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи нохуш рӯзи 15-уми марти соли ҷорӣ тахминан соати даҳи шаб рух додааст.

Поезд на железной дороге - Sputnik Тоҷикистон
Ба мактаб шитоб дошт: кӯдаки 13 - сола дар Душанбе зери чархи тепловоз ҷон бохт

Ба иттилои манбаъ, автомашинаи тамғаи “ЗИЛ-ММЗ 4502”, ки таҳти идораи Шердил Эргашеви 22 сола қарор дошт, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти А.Ҳасанов ба самти ҷамоати шаҳраки Шаҳринав, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти М.Турсунзодаи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Назирҷон Назирови 14 соларо пахш кард.

Гуфта мешавад, дар пайи ҳодиса Нозирҷон Назиров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ҳамчунни субҳи имрӯз хабарҳо дар маври ҳалокати ноболиғи дигар, зери чархи паровоз расонаӣ шуд.

Хонандаи синфи 6 - ум аснои гузар кардан аз роҳи қатора дар наздикии Маркази савдои "Ёвар" зери чархи тепловоз монд ва ҷон бохтааст. Тепловоз, ки бо суръати баланд ҳаракат доштааст, дар назди Маркази савдои "Ёвар" хонандаи 13 - соларо пахш намудаст.

Ҳалокати Фаридаи ноболиғ зери чархи "Мерседес" дар пеши беморхона

Ӯ муҳассили макотиби миёнаи умумии рақами № 60 буда, дар ҷойе роҳро убур кардааст, ки тамоман мамнӯъ будаст.

Ронандаи тепловоз, ки бо суръати баланд ҳаракат дошт, натавонист сари вақт нақлиётро боз дорад ва кӯдак зери чархи тепловоз монд.

Лентаи хабарҳо
0