14:33 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
924710

Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон, мубориза бо коронавирус, ҷилавгирии нархҳо, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва пешгирии шиканҷаю ҳабси ғайриқонунии шаҳрвандонро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим хонд, ки додситонӣ бояд ба он таваҷҷуҳи зиёд кунад

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Озода Раҳмон бо зикри хавфи эҳтимолии паҳншавии бемории COVID–19 ё худ коронавирус, аз Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон хост, назорати иҷрои қонунгузориро дар самти сарҳад, нақлиёт, тандурустӣ, санитарӣ, эпидемиологӣ, фаъолияти бозорҳои наздисарҳадӣ ва дигар соҳаҳои дахлдор пурзӯр намояд.

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур, ки дар Маҷлиси миллӣ, роҳбарии Кумитаи таъми­ни асос­ҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озоди­ҳои инсон, шаҳр­ванд ва қонуниятро ба уҳда дорад, инчунин таъкид намуд, ки додситонӣ барои пешгирӣ намудани болоравии нархҳо, назоратро тақвият бахшад.

Ӯ зимни ҷаласаи ахири Маҷлиси миллӣ афзуд, ки мақомоти додситонӣ дар доираи салоҳият бо созмонҳо ва мақомоти давлатҳои хориҷӣ ҳамкории байниидоравиро барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шаҳрвандон густариш диҳад.

Нигаронии Озода Раҳмон аз шиканҷа ва ҳабси ғайриқонунии шаҳрвандон

Озода Раҳмон инчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки  ҳолатҳои шиканҷа, ҳабси ғайриқонунӣ ва беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандон низ ҷой доранд.  Вай оморро мисол овард, ки  соли 2019, бо ҳукми суд 173 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳкум шудаанд, ки нисбат ба соли 2018 19,3 фоиз зиёд мебошад.

“Аз ин лиҳоз, ба мақомоти прокуратура зарур аст, ки ба масъалаҳои зикршуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, назоратро дар ин самт низ пурзӯр намояд”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Озода Раҳмон.

Назорати иҷрои қонунҳоро дар самти татбиқи сиёсати пуливу бонкӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, худкушӣ ва савдои одамон, мушкили пардохти саривақтии музди музди меҳнат аз ҷониби кормандони буҷетӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо аз ҷумлаи масоили дигаре буданд, ки Озода Раҳмон ба он таъкид намуд.

Раҳмон барои барҳам додани Академияи илмҳои тиб се моҳ муҳлат дод: дору истеҳсол накарданд

Давр мавриди коронавирус, ки моҳҳои охир дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор гирифтаасту то ҳол дар Тоҷикистон сабт нашудааст, Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ гуфт, “мо ҳар соат бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии бемории коронавирус мунтазам дар робита ҳастем”.

Убайдуллоев: коронавирус проблемаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ шудааст

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар мавриди коронавирус гуфт, ки он ба мушкили иқтисодию сиёсӣ табдил ёфтааст.

“Имрӯзҳо вируси тоҷшакл ё худ коронавирус аз таъиноти биологӣ ё генетикӣ ба проблемаи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ мубаддал гардида, ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст”, - изҳор дошт Убайдуллоев.

Ӯ бо таассуфи афзуд, ки айни ҳол сатҳи маърифат, фарҳанги ҳуқуқӣ боиси нигаронӣ буда, то ҳол бозори дохилӣ аз молу маҳсулот ва дорувории бесифат  озод нашудааст.

“Бинобар ин, мақомоти прокуратура бояд  иҷрои санадҳои ҳуқуқие, ки амнияти маънавӣ, фарҳангӣ, истеъмолӣ, озуқаворӣ ва санитариро ба танзим медарорад, зери назорати қатъӣ қарор диҳад”, - таъкид намуд Убайдуллоев.

Барчаспҳо:
Озода Раҳмон, бозорҳои пойтахт, нарх, муҳоҷирон, имтиҳони муҳоҷирони меҳнатӣ, вируси нав, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ