23:22 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.56
  • RUB0.15
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
869820

Генерал Абдураҳмон Азимов, фармондеҳи собиқи нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистон, шаби ҷумъа дар синни ҳафтодсолагӣ вафот кардааст

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Яке аз наздикони марҳум дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, генерал на аз коронавирус, балки аз бемории дил даргузашт.

Ба иттилои манбаъ, номбурда шаби ҷумъаи гузашта фавтида, ҷасади ӯро дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб ба хок супоридаанд.

Абдураҳмон Азимов, 10 январи соли 1950 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, арбоби давлатӣ ва низомӣ, генерал-лейтенанти қувваҳои сарҳадӣ буд.

Ӯ ба соҳаи низомӣ пас аз солҳои ҳаштодум ворид гашта, нахуст дар ин самт ҳамчун корманди Комитети бехатарии давлатии Тоҷикистон кор карда, баъдан ёвари сардори идораи Комитети амнияти миллии (КАМ) Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори идораи КАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (1993 – 1996), Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996 – 1999) буд.

Ҳамчунин ӯ вакили Маҷлиси Намояндагон низ буда, раҳбарии комитети Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, Комитети ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зима дошт.

Ахиран вазифаи сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Сарраёсати нирӯҳои марзбониро ба зима дошта, моҳи сентябри соли 2015 бо як фармон аз суи президенти кишвар ба нафақа гусел карда шуд ва тули бознишастагияш дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб иқомат дошт.

Ин дуввумин генерали бознишастаи тоҷик аст, ки давоми чанд рӯзи ахир мефавтад.

Рӯзи 14 май низ генерал – майор Абдулназар Абдуласанов, собиқ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди кишвар ва комменданти низомии Душанбе дар синии 76 – солагӣ тарки олам кард

 

Мавзӯъҳои асосӣ