17:57 02 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.54
  • RUB0.15
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
9100

Мунтахаби миллии Тоҷикистон пеш аз бозии дӯстона бо тими Баҳрайн тамрин мекунад. Имрӯз рақобати ин ду даста баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Тими миллии Тоҷикистон имрӯз ба Аморати Муттаҳидаи Арабӣ сафар карда, ба Дубай расид ва дар меҳмонсарои "Ҳилтон" ҷойгир шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Рӯзи 7 ноябр, дар Дубай дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо тими миллии Баҳрайн ва 12 ноябр бо Аморати Муттаҳиддаи Арабӣ бозиҳои санҷишиву дӯстона мегузаронад.

Бино ба гузориши манбаъ, дар ин сафар сармураббӣ Усмон Тошев бо худ 25 футболбозро ҳамроҳ гирифтаст, ки аз инҳо 3 кас дарвозабон, 8 кас муҳофизатгар, 9 кас ниммуҳофизатгар ва 5 кас ҳамлагар мебошанд.

Гуфта мешавад, ки ниммуҳофизи "Локомотив"-Пловдиви Булғористон Парвизҷон Умарбоев дар бозии якуми тими миллии кишвар муқобили мунтахаби миллии Баҳрайн иштирок намекунад.

Умарбоев рӯзи 8 ноябр бо тими миллии кишвар дар Дубай ҳамроҳ мешавад.

Бегоҳи имрӯз тамрини даста нақшагузорӣ шудааст.

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн 7 ноябр ва АМА 12 ноябр:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов ("Истиқлол"), Шоҳрух Қирғизбоев ("Локомотив-Помир"), Мухриддин Ҳасанов ("Хуҷанд");

Муҳофизон: Давронҷон Эгашев ("Бунёдкор", Узбекистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ҳанонов (ҳама аз "Истиқлол"), Манучеҳр Сафаров ("Локомотив-Помир"), Алишер Баротов ("Хуҷанд");

Ниммуҳофизон: Парвизҷон Умарбоев ("Локомотив", Пловдив, Булғоистон), Эҳсони Панҷшанбе ("Навбаҳор", Узбекистон), Комрон Турсунов ("ТРАУ", Ҳиндустон), Илҳом Баротов ("Истаравшан"), Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз "Истиқлол"), Шервони Мабатшоев (КМВА), Абдулмумин Забиров ("Хуҷанд"), Шарафҷон Солеҳов ("Файзканд"), Хуршед Абдуллоев ("Душанбе-83");

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳама аз "Истиқлол"), Тоҳир Малодустов ("Хуҷанд"), Ислом Зоиров ("Локомотив-Помир").

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Барчаспҳо:
бозии дӯстона, Футбол, АМА

Мавзӯъҳои асосӣ