Раҳмон кормандони Вазорати корҳои дохилиро бо Рӯзи милитсияи тоҷик табрик кард

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон кулли ҳайати кормандони Вазорати корҳои дохилиро бо иди касбияшон табрик кард

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо Иди касбияшон табрик намуда, хизматҳои онҳоро дар назди Ватан қайд намуд.

Дар паёми шодбошии худ президент қайд кард, ки ба шарофати кӯшишҳои пайвастаи ҳамаи аркони давлатдорӣ, аз ҷумла дар натиҷаи фаъолияти содиқонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳаёти мардуми кишвар дар фазои орому осоишта ва суботи комили сиёсӣ идома дорад.

“Дар ин лаҳзаҳо бо камоли ифтихор ҳамаи шумо – кормандон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилиро барои саҳми бисёр арзишмандатон дар роҳи эъмори ҷомеаи демократву ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни касбиатон – Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик мегӯям”,- гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон.

Ба таъкиди раисҷумҳур, ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии ин сохтори бонуфузи ҳифзи қонунияту тартибот, ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизматии ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ мунтазам таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Президент Таджикистана поздравил женщин с Днем матери - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон Рӯзи Сарқонунро ба мардум табрик гуфт: ҷавобгӯи замони нав аст

Илова бар ин, сарвари давлат қайд кард, ки ҳам дирӯз ва ҳам имрӯз кормандони милитсия дар сафи пеши мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ буда, далерӣ ва садоқат нишон медиҳанд.

“Дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории давлати ҷавони Тоҷикистон ва мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша беш аз 2000 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни Қӯшунҳои дохилӣ ҷони худро аз даст доданд, ки мо хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем”,-гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон.

Эътимоди комил дорам, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд низ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун содиқона заҳмат мекашанд ва ба халқу Ватан бошарафона хизмат мекунанд, таъкид кардааст, президент.

Лентаи хабарҳо
0