20:35 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Нефтяные насосы в поселке Ахтырский Краснодарского края

Катуса: иқтисодиёти Русия ба бӯҳрон тобовар аст

© Sputnik
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Таҳлилгари варзида, муаллифи китоби “Бештар аз ҷанги сард” суханони Барак Обама, президенти ИМА-ро, ки гуфт, Русия бо фурӯпошии қурби асъори миллӣ ва коҳиши вазъи иқтисодиву молӣ рӯбарӯ шудааст, шарҳ дод.

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Иқтисодиёти Русия ҳанӯз побарҷост, он ҳатман бӯҳрони имрӯзаро пушти сар хоҳад кард, гуфт Марин Катуса, коршиноси аршади маркази таҳқиқотии Casey Research. Дар ин бора хабарагузории РИА Новости иттилоъ медиҳад.

Ба назари таҳлилгар, коҳиши нархи нафт ба фоидаи Русия буда, саноати энергетикии ИМА аз ин раванд хисороти ҷиддӣ мебинад. Поёнравии қурби рубл бошад, ба болоравии арзиши нафти русӣ мусоидат мекунад, илова бар ин, нархи он таваҷҷӯҳи харидорони дигар кишварҳоро ҷалб хоҳад кард. Ин ҳолат ба нафъи саноати нафти сланетсии Амрико нест.

"Русия дорои тавозуни озоди тиҷоратӣ ба ҳадди 200 миллиард доллар дар як сол мебошад. Онҳо захираи тиллои худро зиёд карданд. Русия нисбати ИМА қарзи камтар (дар бастагӣ ба ММД) дорад. Ҳамин тавр, ҳа… вазъият барои иқтисодиёт бад аст, аммо ин охири кор нест",- меафзояд Катуса.

Санкции в связи с событиями в Крыму и на юго-востоке Украины
© Sputnik / Инфографика

 Ӯ мегӯяд, таҳримот Русияро водор мекунад, ки бо дигар кишварҳои бозорашон рӯ ба рушд, аз ҷумла Чин ҳамкориашро тақвият бахшад.

"Мо шоҳиди амалиётҳои бузурги арзӣ миёни Русия ва Чин гардидаем, ин амалиётҳо аз ин ба баъд низ идома меёбад",- илова кард Катуса.

Барчаспҳо:
ба бӯҳрон, тобовар, 200 миллиард доллар, Casey Research, Марин Катуса, ИМА, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ