10:17 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Наришкин дар ҷаласаи тақвимии Думаи давлатии Русия

Наришкин: ҳамкориҳои АвруОсиё метавонад ИА ва ИИА-ро ба ҳам орад

© Sputnik / Владимир Федоренко
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
122 0 0

Ба назари раҳбари Думаи давлатӣ, пешниҳоди президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бораи эълони соли ҳамкориҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо кишварҳои сеюм қобили дастгирист.

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Самаранокии фаъолияти ҳамҷояи иқтисодӣ дар доираи АвруОсиё дер ё зуд Иттиҳоди Аврупо ва ИИА-ро ба ҳам меорад, мегӯяд сухангӯи Думаи давлатии ФР Сергей Наришкин.

Ба қавли ӯ, раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки имсол роҳбарии Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиёро ба зимма дорад, соли 2016-ро соли ҳамкории Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо кишварҳои сеюм ва созмонҳои байнидавлатӣ пешниҳод кард.

"Фикр мекунам ин пешниҳод қобили дастгирист. Ҳамин тавр, таъмин намудани рушди ИИА бо ташкили роҳи иқтисодии Абрешим ва дар пайи ин ташкили минтақаи озоди тиҷорат байни Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё, Чин ва дигар кишварҳои Осиё хеле муҳим аст",- гуфт Наришкин рӯзи ҷумъа.

Раиси Думаи давлатӣ ҳамчунин қайд кард, ки бо назардошти ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва равобити иқтисодӣ бо Чин, нақши Қирғизистон дар ин масъала хеле муҳим хоҳад буд. Шарики дигари муҳими ИИА —Ветнам, ки аллакай ба минтақаҳои озоди тиҷоратӣ дохил аст, ба шумор меравад.

"Иттиҳоди Аврупо бошад, дар асл бо ҷорӣ намудани таҳримҳо худро аз ҳамгироӣ дур месозад. Самаранокии фаъолияти ҳамҷояи иқтисодӣ дар доираи АвруОсиё зуд ё дер Иттиҳоди Аврупо, ИИА, Роҳи Абрешим ва Ассотсиатсия кишварҳои Ҷанубу Шарқии Осиёро ба ҳам меорад", —илова кард Наришкин.

 

Мавзуъ

Наришкин: аз таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба ИИАО истиқбол мекунем
Барчаспҳо:
ташкилотҳо, созмонҳо, ҳамбастагӣ, ҳамкорӣ, ҳамгироӣ, "Роҳи абрешим", ИА, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ИИАО, ИИА, Нурсултон Назарбоев, Сергей Наришкин, Маскав, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ