14:45 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Ростислав Ишенко. Акс аз бойгонӣ

Коршинос: Осиёи Марказӣ барои ИМА-нуқтаи халалдор кардани Русия аст

© Sputnik / Владимир Трефилов
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
71 0 0

Вазорати корҳои хориҷии ИМА аз ҳукумати кишвараш дархост кардааст то барои идомаи ҳамкориҳо бо ВАО-и Осиёи Марказӣ пул ҷудо намояд. Чунин ҳамкорӣ бо ВАО ба кори артиллерия дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ шабоҳат дорад, гуфт дар мусоҳиба бо радио Sputnik сиёсатмадор Ростислав Ишенко.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазорати умури хориҷии ИМА барои соли оянда аз ҳукумати кишвар дархост намудааст то барои давом додани ҳамкорӣ бо ВАО-и Осиёи Марказӣ, ки "онҷо таъсири мошини таблиғотии Русия хеле фаъол аст" маблағ ҷудо намояд. Чунин изҳорот аз ҷониби Дэниел Розенблюм  муовини ёвари вазири хориҷаи ИМА дар умури Осиёи Марказӣ пешниҳод шудааст.

Дар баробари ин ӯ қайд менамояд, ки  "муҳим аст, то ВАО-и Осиёи Марказӣ  ва одамоне, ки дар ин соҳа кор мекунанд ба манбаъҳои гуногун дастрасӣ пайдо намуда, ба якдигар такя накунанд", чунки дар акси ҳол хабарҳо метавонанд "яктарафа" ва нодуруст пешниҳод гарданд. Махсусан барои ҳамин ба қавли Розенблюм пешниҳоди "идомаи маблағгузории бо мақсади давом додани ҳамкориҳо бо васоити ахбори оммаи Осиёи Марказӣ" расонаӣ шуд.

Ба қавли сиёсатшинос кишварҳои Осиёи Марказиро бо Русия муносибатҳои таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии қавӣ мепайвандад. Дар баробари ин Розенблюм изҳор доштааст, ки "мошини тарғиботии Русия хеле хуб маблағгузорӣ мешавад аз ин рӯ ба афкори мардуми Осиёи Марказӣ  таъсир амиқ мерасонад".

Президенти маркази таҳлил ва пешгӯиҳо, сиёсатшинос Ростислав Ишенко мӯътақид аст, ки Осиёи Марказӣ барои ИМА бисёр минтақаи муҳим аст.

"Аввалаш ин ки Қазоқистон яке аз кишварҳои муҳимтарини Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошад. Дуюм, ин ки аз нуқтаи назари дохилӣ Осиёи Марказӣ дар минтақаи транзитии байни Русия ва Чин қарор гирифта  аз нуқтаи назари беруна дар байни Осиё ва Аврупо ҷойгир шудааст. Ва ҳама гуна ноҷуриҳо дар ин минтақа ба муносибаитҳои иқтисоди, масалан, таъсири Украина ба муносибатҳои иқтисодии Русия ва Иттиҳоди Аврупо. Чунин ҳодисаҳо метавонанд, ҳама гуна лоиҳаҳои ҳамгироиро дар тамоми қаламрави АвруОсиё аз байн баранд. Ё барои кишварҳои ин минтақа мушкилоти зиёд  ба бор оранд",-гуфт Ростислав Ишенкодар мусоҳиба бо радио Sputnik.

Ба қавли ӯ Осиёи Марказӣ нуқтаест, ки аз ин ҷо ИМА ба Чин  ва Русия метавонад таъсир расонад.

"Вашингтон кушиш дорад, ки барои халалдор кардани Русия ва Чин аз ҳама гуна имкониятҳо истифода кунад. Фақат бояд дарк намуд, ки Осиёи Марказӣ барои амалӣ намудани чунин корҳо ва умуман аз байн бурдани ҳама гуна лоиҳаҳои ҳамгироӣ дар минтақа яке аз нуқтаҳои ҷуғрофии асоситарин мебошад",-гуфт коршинос.

Дар баробари ин аз эҳтимол дур нест, ки ИМА кушиш мекунад барои расидан ба ҳадаф аз механизми инқилоби "ранга" низ истифода кунад.

"ИМА ба кишвари алоҳида сару кор дорад вай мехоҳад оромиро дар минтақа тавассути "инқилоби ранга" халалдор созад-ин яке аз механизмҳои асосии фаъолияти ИМА бо мамлакатҳои ба ӯ лозим мебошад. Чунин амалҳо ҳангоме, ба вуқӯъ мепайвандад, ки ИМА наметавонад 100%-и мамлакатро зери таъсири худ қарор диҳад. Барои ҳамин ҳам чунин сурат гирифтани ҳодиса аз эҳтимол дур нест. Ва ҳамкорӣ бо ВАО-и маҳаллӣ дар чунин ҳолат  кори артиллерияро дар Ҷанги дуюми ҷҳонӣ ба хотир меорад",-хулоса кард Ростислав Ишенко.

Барчаспҳо:
Дэниел Розенблюм, Ростислав Ишенко, Осиёи Марказӣ

Мавзӯъҳои асосӣ