02:01 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.02
  • RUB0.13
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
107 0 0

Изҳороти муовини вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Умед Давлатзодро дар бораи он, ки ҳатто ҷоизадорони Нобел наметавонанд давомнокии бӯҳрони иқтисодиро пешгӯӣ намоянд, коршиносон дар мусоҳиба бо Sputnik , шарҳ доданд. Ба гуфти онҳо роҳбарияти кишвар муддати тӯлонист, ки фишанги идоракунии иқтисодии худро гум кардааст.

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Ба фикри коршинос оид ба кишварҳои Осиёи Миёна Дмитрий Александров,  бӯҳрон дар Тоҷикистон аз дирӯз пайдо нашудааст-кишвар мӯътадилан  дар қатори мамлакатҳое, ки  иқтисодиёташон аз маблағи муҳоҷирон вобаста аст, пешсафӣ дорад.

"Дар ҳоле, ки  аз 30 % то 40%  маҷмӯи маҳсулоти дохилиро интиқоли маблағи коргарони хориҷа ташкил медиҳад, барҳам додани чунин вобастагӣ дар муддати кӯтоҳ мушкил аст.  Вазъи носолим, вақте ки иқтисодиёт аз чизе то ин дараҷа вобастагӣ дошта бошад",- қайд кард коршинос.

Ба гуфти ӯ, иқтисодиёти Русия имрӯзҳо мушкилиҳои муайянро аз сар гузаронида истодааст, ҷараёни хориҷ шудани муҳоҷирон аз кишвар зиёд ба назар мерасад. Вазъияти иқтисодӣ дар давлатҳои пасошӯравӣ дар умум на  онқадар хуб аст.

"Барои мисол муҳоҷироне, ки дар Қазоқистон кор мекарданд, ҳамчунин ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд, дар ҳоле, ки Қазоқистон-тараққикардатарин кишвар дар минтақа ба шумор меравад.  Вазорати иқисоди Тоҷикистон наметавонад бигӯяд, ки бӯҳрони иқтисодӣ кай тамом мешавад. Мантиқан, бо дарназардошти он  ки ҳукумат наметавонад ба он таъсир расонад. Русияро дар бӯҳрони шиддатёфта айбдор намудан нодуруст аст",- гуфт Александров.

Иқтисодиётро бояд чунин сохт, ки аз бозигарони беруна вобаста набошад, қайд кард вай.

"Пештар ҳамаи масъалаҳое, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон марбут буданд, бо оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ рабт дода мешуданд. Ҳоло бошад, ин гуна маъзуриятҳо эътибор надоранд. Аз вақти тамом шудани ҷанг қариб бист сол гузаштааст. Дар ин муддат корҳои зиёдеро анҷом додан мумкин буд, аммо то имрӯз ҳукумати Тоҷикистон ягон чораи самаранок наандешидааст. То дирӯз умед буд, ки Русия беохир ташаккул меёбад ва муҳоҷирони меҳнатиро метавон ҳамчун манбаи ҷараёни пулии доимӣ ҳисоб кард, аммо ин пешгӯӣ хато баромад"- таъкид кард коршинос.

Бино ба  пешгӯии Александров вазъият дар вақтҳои охир куллан тағийр намеёбад- барои ин фишангҳои зарурӣ ҳам вуҷуд надорад.

"Бояд захира ҷамъ мекард.  Дар Тоҷикистон интизор мешаванд, ки кай дар кишварҳои пасошӯравӣ вазъияти иқтисодӣ дигар мешавад, ҳоло бошад ба аҳолӣ мегӯянд, ки мушкилӣ на танҳо дар давлати мо аст, балки дар ҳамаи кишварҳои ҳамсоя вазъият хамингуна мебошад "- изҳори андеша кард ӯ.

Ба Тоҷикистон дар ҳақиқат вазъияти иқтисодии Русия таъсири муайян мерасонад, тасдиқ кард мушовири сарвари Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмиллаии АИР Геннадий Чуфрин.

"Асосан ин ба маблағҳои пулие дахолат мекунад, ки муҳоҷирон ба ватан мефиристанд. Дараҷаи вобастагии иқтисоди Тоҷикистон  аз чунин интиқолҳо ҳайратангез мебошад: зиёда аз 40% ММД. Бедуҳа Тоҷикистон масъалаи дохилшавӣ ба Иттиҳоди АвруОиёро нагузоштааст,  он метавонад ба вазъияти тоҷиконе, ки дар ФР кор ва зинадгӣ мекунанд таъсири мусбат расонад. Тоҷикистон ҳоло ба ислоҳоти иқтисодии ҷиддӣ мӯҳтоҷ аст, аммо барои ин ҳукумат маблағ надорад",- мегӯяд коршинос.

Яке аз роҳҳои баромадан аз бӯҳронро Душанбе дар таҳкими муносибат бо Маскав мебинад, қайд кард Чуфрин.

"Аммо манбаи дигар низ вуҷуд дорад- ҳамкорӣ бо Чин, ки  вақтҳои охир рушд ёфтааст. Ман фикр мекунам, ки муовини вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Умед Давлатзод дар бораи шароити ин ҳамкорӣ хело хуб медонад.  Дигар манбаҳои калони қувватбахши иқтисоди Тоҷикистонро ман наметавонам номбар кунам",- хулоса кард ӯ.

Рӯзи сешанбе муовини вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ба савол дар бораи кадои вақт ба анҷом расидани бӯҳрони иқтисодӣ ҷавоб дода натавонист. 

Ба гуфти Давлатзод  давомнокии бӯҳрони иқтисодиро ҳатто ҷоизадорони Нобел пешгӯӣ карда наметавонанд. Давлатзод аз ташкилотҳои  байналмиллалии молиявӣ — Бонки умумиҷаҳонӣ, Хазинаи байналмиллалии асъор, шиокят карда иброз дошт, ки дар бастагӣ бо таҳримҳо нисбати Русия ва кам шудани ҳаҷми интиқоли маблағ аз тарафи муҳоҷирони тоҷик, рушди иқтисодиёти кишварро то  2-2,3%  нисбат ба нишондиҳандаи ҳақиқӣ камтар нишон медиҳанд.

Мавзуъ

Таҳлилгар: Чин монеаи вуруди Тоҷикистон ба ИИАО мешавад
Таҳлилгар: ВАО инсонро ба истеъмолкунада ва ғуломи пул табдил медаҳад
Барчаспҳо:
бӯҳрони иқтисодӣ, пешгӯӣ, Дмитрий Александров, Геннадий Чуфрин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ