13:45 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Шамил Аляутдинов. Акс аз бойгонӣ

Шамил Аляутдинов: ба ҷаҳон маърифатнокии динӣ ва ходимони дин намерасад

© Фото: Официальная страница Шамиля Аляутдинова в Facebook
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
19831

Санаи 23-уми октябр Шамил Аляутдинов дар Душанбе дар меҳмонхонаи Ҳаёт семинари навбатии худро баргузор кард. Мавзӯи он “Молияи триллионер” буда, семинар 4 соату 30 дақиқа давом намуд.

Sputnik Тоҷикистон бо муаллифи чорабинии мазкур Шамил Рифатович- ходими дини Русия, имом хатиби Масҷиди ҷомеи Маскав марбут бо семинари мазкур ва терроризм дар ҷаҳони муосир сӯҳбат орост, ки умдаи онро пешниҳоди Шумо мегардонад.

Ба гуфтаи Шумо, баромади навбатиатон дар Душанбе бароятон писанд омад. Иштирокдорони тоҷик аз кадом ҷиҳат шуморо шод намуданд?

— Меҳмонон ба завқ ба гуфтаҳои ман аҳамият медоданд. Ман аз чашмонашон фаҳмидам, ки мӯҳтавои семинарро дарк намудаанд. Дар рафти семинар иштирокдорон ба ман саволҳои шавқовар ва саҳеҳ доданд. Маълум буд, ки онҳо мехоҳанд дар зиндагӣ пеш раванд ва ба муваффақиятҳо ноил гарданд ва маҳз бо анаҳамин мақсад ба барномаи ман ташриф овардаанд.

 Шумо аз семинари мазкур чӣ хулоса бардоштед — мусалмонон  Тоҷикистон чӣ мушкилӣ доранд?

— Дар толор на танҳо мусулмонон иштирок доштанд. Дар ҷаҳони муосир ҳар як нафари ботаффаккур ва пешқадамро, новобаста аз он ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад, ё дар Маскав ва ё дар Ню- Йорк, устувории аҳволи зиндагӣ нигарон мекунад ва барояш роҳбаладе дар ин ҷода муҳим аст.

Мехоҳед ба наздикӣ ба Тоҷикистон баргардед, агар ҳа, мавзӯи минбаъдаи семинари Шумо чӣ хоҳад буд?

— Мехоҳам соли оянда бо мавзӯи "Хушбахтии оилавӣ" ба Душанбе ташриф оварам, ки дар он ҳамроҳи ҳамсарам баромад хоҳам кард.

Ҳоло тамоми ҷаҳонро падидаи терроризм нигарон намудааст ва мутаассифона, баъзан онро бо ислом марбут медиҳанд. Шумо дар ин бо чӣ гуфта метавонед?

— Ҳоло ҳис карда мешавад, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ, дар умум — ба тамоми ҷаҳон ходимони динии басавод, фаъол ва каноникӣ намерсанад. Ба ҷаҳон маърифатнокии динӣ намерасад, махсусан дар замони муосир, ки қалбҳо ва ақлҳои мардум холӣ аст.

Радикализми исломӣ — оё истифода бурдани ин ибора дуруст аст?

— Ба ин мавзӯъ яке аз китобҳои ман "Чӣ тавр метавон ҷаннатро дид?" бахшида шудаст.

Бале, исломи радикалистӣ мавҷуд аст, ки он пеш аз ҳама аз ҷониби ҷаҳолати бархе мусалмонон ва манфиатҳои баъзе ғайримусалмонон дар бесарусомонӣ ва изтироб, ба вуҷуд омадааст.

Семинар Шамиля Аляутдинова Финансы Триллионера в Душанбе
Семинари Шамил Аляутдинов дар Душанбе

Оё гӯрӯҳи ДИИШ, ба фикри Шумо,  идеологияи худро дорад? Агар ҳа, чӣ гуна метавон бо он мубориза бурд?

— Бале, ДИИШ идеологияи худро дорад ва решаҳои он то ба таърих расида меравад-  ба давроне, ки Англия кишварҳои бузурги мусалмониро мустамликаи худ қарор дод ва бояд империяи бузурги ба вуҷуд омадаро идора менамуд. Пас аз он ғояи онҳо шакли худро иваз намуд ва шакли он бештар ба замони мо муносиб гардид, аммо тайёр набудани онҳо, бемантиқии онҳо ва бесарусомонии онҳо  то ҳол маълум аст.

Оё Шумо мехоҳед барои мардуми камбизоат баромадҳои ройгон ташкил кунед?

— Бо мамнуният. Аммо дар ин ҳолат хароҷоти семинарро (иҷора, хароҷоти нақлиёт ва ғайраро) бояд ягон нафарони доро ба ӯҳдаи худ бигирад (масалан ташкилотҳои шахсӣ), ки ба ин васила онҳо низ ба  ҷомеа ғамхории хешро нишон медиҳанд.

Аммо, дар ин ҳолат худи мардум бояд дарк кунанд, ки ба куҷо мераванд ва мақсад аз ташриф овардан дар чист?

Барчаспҳо:
молия, семинар, Шамил Рифатович, Тоҷикистон- Русия, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ