Коршинос: Роғун – монеаи ноошкор дар роҳи оштӣ бо Узбакистон

Обуна шудан
Монеаи асосӣ барои наздикшавии Тоҷикистону Узбакистон - истифодаи нооқилонаи об аст, - гуфт коршиноси рус

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Имрӯз, 31 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи Тоҷикистону Узбакистон барои гузоштани хатти марз ва тақсимоти об баргузор мешавад.

Намояндагони ду кишвари ҳамсоя бояд имрӯз масъалаҳои марзиро оқилона ҳал кунанд.

"Мушкилоти аслӣ минёи Тоҷикистону Узбакистон об аст. Тахлияи обанбор барои тавлиди энержӣ дар Тоҷикистон боиси ба ботлоқзор табдил шудани ҳамсоякишвар мешавад. Ин бунбастеро мемонад, чун тахлияи пурраи обанбор зимистон мешавад. Об бошад барои обёрии заминҳо дар фасли тобистон лозим аст", — гуфт муовини роҳбари донишгоҳи ИДМ Владимир Евсеев.

Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вақт надорад: чаро Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон намеравад

То ҳол на Узбакистон ва на Тоҷикистон  ҳалли мусолиматомези масъалаи обро пешниҳод накардааст. Ҳукумати ҳарду кишвар ин мушкилотро ҳал  накардаву ба масъалазҳои дуюминдараҷа кор мегиранд.

"Бояд миёни Тоҷикистону Узбакистон нуқтаҳои назоратии марзӣ гузошта шавад, ки пурра барои ҳаракати нақлиёт ҷавобгӯ бошад. Масъалаи дигар дастрасӣ ба гази Узбакистон ва роҳҳои оҳан аст", — гуфт коршинос дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Дар баробари ин ҳукумати кишварҳо бояд масъалаи нобудкунии минаҳоро пурра ҳал кунанд, чун дар сурати баръакс минтақаҳои минадошта ба мардуми осоишта ва махсусан минтақаҳои наздисарҳадӣ хатари беамон дорад.

Лентаи хабарҳо
0