04:30 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Грант Дандуров

Агар чой хушбӯй бошад, барги чой табиъӣ нест: коршинос

© Sputnik
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
17610

Чойшинос гуфт, ки чаро бояд чойи табиъиро бе шакар нӯшид

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Муовини раиси Федеросюни йогаи Арманистон ва чойшинос Грант Дандуров аз хубиҳои чойхӯрӣ гуфт.

Чойи сабз ба кас бедорӣ мебахшад. Дар таркиби чойи сабз кофеин, катехинҳо ва антиокисидантҳо ва дигар маводи судманд фаровон аст. Чунин чойро бояд саҳаргоҳон ва рӯзона нӯшид.

Ин чойшинос гуфт, ки чойи воқеъӣ аз рустании Camellia sinensis омода карда мешавад. Ӯ афзуд, ки беҳтарини навъи чой дар Чин мерӯяд.

Чойи сиёҳ, ки танҳо дар нохунак чой аст, — баръакс касро ором мекунад ва нӯшидани он пеш аз хоб тавсия дода мешавад.

Коршинос бар ин аст, ки афзудани шакар ба чой хуб нест. Беҳтар аст мевае хушккардаро бо чой ҳамроҳ кунед.

Тавлидкунандагони чой онро бо афзуданиҳои гуногун вайрон намекунанд, гуфт Дандуров дар суҳбат бо Sputnik Арманистон.

"Агар чойи шумо хушбӯй бошад, пас худи барги чой ба иллате вайрон шуда будааст", — гуфт коршинос.

Пештар хабар дода шуд, ки чаҳор бонуи тоҷик ҷоизаҳои Ҳамоиши ҷаҳонии навоваронро ба даст оварданд. Чунончи, Тоҷиниссо Зубайдова барои падид овардани маводи глукозкоҳандаи "Ферубет" ва чойи оромбахши "Денисенко" медоли тилло ба даст овард.

Мавзуъ

Баъди “Манбаъи хирад” президент дар бораи чой китоб навишт
Барчаспҳо:
фоидаи чойнӯшӣ, чой, Грант Дандуров, Арманистон

Мавзӯъҳои асосӣ