Коршинос: ҶТ ба даҳгонаи кишварҳои содиркунандаи умдаи мева ворид шуд

© SputnikПравовой эксперт консалтинг-партнерской сети ЛАРК "Правовая помощь сельскому населению" Арстан Кадыров, архивное фото
Правовой эксперт консалтинг-партнерской сети ЛАРК Правовая помощь сельскому населению Арстан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар паи баҳрагирӣ аз заминҳои камҳосил дар шумори даҳ кишвари содиркунандаи умдаи мева дар ҷаҳон ҷой гирифтааст, мегӯяд коршинос Арстан Қодиров

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон мардум бо замин бархурди вижае доранд, онҷо ҳар як каф хок барои кишоварз арзиш дораду ба кор меравад, мегӯяд коршинос умури ҳуқуқии созмони "Ёрирасонии ҳуқуқӣ ба деҳнишинон" Астран Қодиров.

"Панҷ сол пеш дар Тоҷикистон қонуне тасвиб шуд, ки бар асоси он заминҳои нободу санглохеро, ки барои кишоварзӣ созгор нестанд, ба деҳқонони хоҳишманд чун замини хусусӣ вогузор шуданд", — гуфт Қодиров дар суҳбат бо Sputnik Қирғизистон.

Ба гуфти вай, ин қонун имкон дод, ки мардум заминҳои сангзору бекореро обод кунанд, ки дигар фурӯхта нашуда ва аз насле ба насле мерос мемонанд.

"Ҷолиб ин аст, ки имрӯз Тоҷикистон яке аз даҳ бузургтарин кишвари содиркунандаи мева, бавижа зардолу, гаштааст", — таъкид кард вай.

Лентаи хабарҳо
0