Раҳмон ба аъзои БРИКС: тадбирҳоятон набояд кишварҳоро қарздор кунад

© Пресс-служба президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон на саммите лидеров БРИКС
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на саммите лидеров БРИКС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро ҳангоми суханронӣ дар нишасти БРИКС иброз дошт

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ба гузоришии хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар нишасти БРИКС, хостори кумаки кишварҳои ин созмон ба давлатҳои рушдёбанда, аз ҷумла Тоҷикистон, шуда, таъкид кард, ки ин тадобир набояд боиси афзоиши қарзи ин кишварҳо шавад.

"Бонки рушди БРИКС дар дастгирии талошҳои кишварҳои рушдкунанда барои истифода аз маҷмуи иқтидорҳои онҳо ҷиҳати таъмини рушди устувор нақши бузург бозида метавонад", —гуфт раисҷумҳур.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин ба сатҳи бесобиқа олӣ расиданд

Эмомалӣ Раҳмон сафарбар кардани захираҳои технологӣ, молиявӣ, инсонӣ ва табиии ҷонибҳо барои ба роҳ мондани татбиқи муштараки барномаҳо ва лоиҳаҳо, ҷорӣ намудани навовариҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табииро барои рушд имконияти хуб хонд.

Раисҷумҳур ин омилҳоро сабаби таҳкими ҳамгироии Тоҷикистон дар соҳаи татбиқи пурраи Рӯзномаи умумиҷаҳонии рушди устувор гуфт. Дар баробари ин раисҷумҳур таъкид кард, ки ин кумакҳо набояд ба қарздории кишварҳо оварда расонад.

"Зарур аст, ки тадбирҳои андешидашуда барои фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ нигаронида шаванд ва онҳо набояд ба афзоиши баланди қарздории кишварҳо оварда расонанд", — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Коршиноси кишварҳои Осиёи Марказӣ Кубат Раҳимов даъват шудани Тоҷикистонро ба нишасти БРИКС-ро тасодуфӣ намедонад.

Таҳлилгар гуфт, эҳтимолан Чин барои ангезонидани рашки кишварҳои ҳамсоя муносиботи гарми Чину Тоҷикистонро дақиқ нишон медиҳад ва онро ба нафъи Пекин баҳогузорӣ кард.

Коршинос муносиботи Тоҷикистону Чинро ба дӯстии Гулливер ва паканаҳо муқоиса карда мегӯяд, ки Пекин метавонад Тоҷикистонро чун намунаи рушди муносибатҳои хуби дуҷониба дар Осиёи Марказӣ ба дигар кишварҳо нишон бидиҳад.

"Милюл ё ним милюн дулор барои Чин маблағе нест, вале барои кишварҳое чун Тоҷикистон метавонад мушкилоти зиёдеро ҳал кунад", —гуфт коршинос дар суҳбат бо радиои Sputnik.

Лентаи хабарҳо
0