20:01 20 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Семен Слепаков, Акс аз бойгонӣ

Слепаков: ҳаргиз манзурамон аз Равшану Ҷамшут тоҷикҳо набуданд

© Sputnik / Валерий Левитин
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
20901

Ҳаҷвнигори рус Семён Слепаков дар бораи таъхири ҳузнангези барномаи "Наша Russia" барои мардуми Тоҷикистонро нақл кард

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Қаҳрамонҳои барномаи "Наша Russia" ҳаргиз тоҷикон пиндошта нашудаанд, гуфт ҳунарманд Семён Слепаков.

Чанде пеш дар шабакаи YouTube мусоҳибаи Слепаков бо блогнавис Юрий Дудов дар бораи барномаи "Наша Russia" мунташир шуд.

"Ин натиҷаи кори эҷодии гурӯҳӣ буд. Фикри барнома ба продюсер Александр Дулейран тааллуқ дорад. Мо шоу "Бритониёи хурдр"-ро тамошо кардем аз дилу ҷон хандидему коргардон гирифтем. Мо фаҳмидем, ки дар Русия ҷои ҳаҷви муосир холӣ аст. Ҳамон лаҳза мавзӯъи муҳоҷират ба миён омад, — гуфт Слепаков.

Ба гуфти ӯ ҳиҷ кас ҳадаф надошт, ки тоҷиконро қаҳрамони ин барнома эълом кунад.

"Ин қиссаи ҳузнангезе бо лаҳзаи тоҷикӣ шуд. Мо дар воқеъ ягон миллатеро дар назар надоштем. Мо ҳамаи муҳоҷиронро дар назар доштем, чун онҳо аз кишварҳои мухталиф ба Русия меоянд. Мо-муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, гуфтем. Ва тасодуфан нафаре ҳангоми ба навор гирифтан Тоҷикистон гуфту мо онро ҳангоми монтаж набуридем. Ҳангоме шунидам, ки шӯхӣ ӣ сар шудааст (вақте Равшану Ҷамшут симои тоҷикон дар Русия шуд-шарҳ аз идора), ман хеле нороҳат шудам", — шарҳ дод Слепаков.

Ҳаҷвнигор қайд кард, ки дар барномаи "Наша Russia" миллате дар назар дошта нашудааст.

"Ман баръакс бар ин ҳастам, ки қаҳрамонҳои ин барнома симои муҳоҷиронро дар Русия хуб нишон доданд. Ва оне, ки ҳангоми тамошои ин барнома мардум аз таҳти дил механдад, маънои инро дорад, ки муҳоҷиронро чун шахсони наздик қабул карданду ташаннуҷро ҳам аз миён бардоштанд", — илова кард Слепаков.

"Наша Russia"-барномаи ҳаҷвии Comedy Club Production мебошад. Барнома аз соли 2006 то соли 2011 дар шабакаи ТНТ намоиш дода мешуд. Семён Слепаков продюсери ин барнома буд.

Нақшҳои аслиро дар ин барнома-Михаил Галустян ва Валерий Магдяш бозидаанд.

Мутаассифона то ҳол Равшан ва Ҷамшут баъзе вақт нисбати мардуми Тоҷикистони муқими Русия истифода мешавад. Намояндагони Тоҷикистон борҳо зидди ин барнома баромад карда буданд. ВУХ Тоҷикистон ҳатто ба ҷониби Русия нотаи расмӣ равон карда гуфта буд, ки ин таҳқири як миллат аст.

Аксари тоҷикони муқими Маскав ба вижа ҳунармандони маъруфи бо ҳунари худ кӯшиши мекунанд, симои Равшану Ҷамшутро аз ҳуши мардуми рус бибаранд.

Барчаспҳо:
дар бораи муҳоҷирон, андеша, Наша Russia, Семён Слепаков, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ