Вадим Коженов: ихроҷи Каромат Шарипов коре дуруст буд, ки бояд пештар анҷом меёфт

© SputnikКоженов Вадим, архивное фото
Коженов Вадим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ихроҷи Каромат Шарипов, яке аз фаъолни иҷтимоъии ҷанҷолӣ, аз Русия коре бисёр хубу дуруст буд ва бояд зудтар анҷом меёфт, мегӯяд Вадим Коженов, раиси Федеросибни муҳоҷирони Русия

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Раиси Федеросюни муҳоҷирони Русия Вадим Коженов қазияи истирдоди Каромат Шариповро тавзеҳ дод.

Чанде пеш хабаргузории "Россия сегодня" ба муносибати Рӯзи муҳоҷират нишасте бо ширкати коршиносону рӯзноманигорон баргузор кард, ки дар он масоили муҳоҷират баррасӣ шуданд.

Раиси Федеросиюни муҳоҷирони Русия Вадим Коженов дар ин нишаст аз ширкати фаъоли тоҷикон дар ҳаёти иҷтимоии муҳоҷирон дар Русия ёд кард ва роҳҳои ғайриқонунии дарёфти шаҳрвандии Русия дар солҳои 1990-ум ва ҳамчунин ихроҷи Каромат Шариповро низ тавзеҳ дод.

Вай дар посух ба суоли муҷрин ин барнома — хабарнигори Sputnik Тоҷикистон Анастасия Лебедева, ки далели аҳамият додан ба соҳаи муҳоҷират чист ва кадом авомилро бояд дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирон асос қарор дод, гуфт, ки солҳои ахир муҳоҷирон қишри фаъол ва бузурги аҳолии Русияро ташкил медиҳанд.

"Муҳоҷирони корӣ ҳамакнун 10 дарсад аз аҳолии Русияро ташкил медиҳанд. Муҳим он аст, ки ки дар солҳои ахир кор бо муҳоҷирон дар мадди аввали назар қарор дода шудааст. Муҳоҷирон қишре аз аҳолии Русия ҳастанд, ки дар рушди кишвар саҳм мегузоранд, дар тавлидоти колоҳо кумак мекунанд. Аммо ҳамзамон дар миёни онҳо ифротгароӣ рушд меёбад. Аз ин рӯ, агар имрӯз ба ин соҳа аҳамияти ҷиддӣ дода нашавад, пас аз даҳ сол он яке аз мушкилоти асосии кишвар хоҳад шуд", — гуфт вай.

Председатель Комиссии по миграционной политике правительства Москвы Александр Калинин - Sputnik Тоҷикистон
Калинин ба муҳоҷирон: бо оташ бозӣ накунед

Сипас муҷрии барнома Лебедева аз ӯ пурсид, ки Федеросиюн бо муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна кор мекунад ва шаҳрвандони Тоҷикистон ба онҳо бо чӣ гуна мушкилот муроҷиат мекунанд.

Вадим Коженова дар посух ба ин суол гуфт, ки ФМР асоан муҳоҷронро аз рӯи миллияташон ҷудо намекунад. Аммо бо баробари ин якчанд далелҳои ҳастанд, ки онҳоро метавон қайд кард.

Масалан, ба гуфтаи вай, муҳоҷирони кории Русияро асосан шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ташкил медиҳанд. Ва аз Осиёи Марказӣ бештар шаҳрвандони Узбакистон меоянд.

"Мушкилоте, ки бо шаҳрвандони Узбакистон дорем, яке ин аст, ки дар миёни муҳоҷирон раҳбароне ёфт намешаванд, ки дигарон  аз паси онҳо раванд", — мегӯяд ӯ.

Аммо Коженов таъкид мекунад, ки тоҷикистониён дар ин масъала пешсаф ва фаъол ҳастанд.

"Бо тоҷикон ҳамкориҳоямон хуб аст. Тоҷикон созмонҳое доранд, ки дар воқеъ бсиёр хуб кор мекунанд. Яке аз онҳо созмони "Нур" аст, ки дар рӯзҳои таътил камобеш 800 кӯдакро бо барномаҳои омӯзишӣ фаро мегирад. Дигаре созмони варзишии "Помир" аст, ки мусобиқоти варзишӣ баргузор мекунад. Тоҷикон аз миёни худ мудофеъони ҳуқуқ ҳам доранд, ки корҳои бисёреро анҷом медиҳанд. Яке аз онҳо хонум Гавҳар Ҷӯраева аст. Ман бар ин боварам, ки созмонҳои муҳоҷирони тоҷик аз беҳтарин созмонҳои муҳоҷиратӣ ҳастанд", — таъкид кард вай.

Ҳамзамон Коженов аз қазияи истирдоди Каромат Шарипов низ ёдовар шуд ва гуфт, ки ихроҷи вай ба далели дарёфти ғайриқонунии шаҳрвандии Русия коре хуб ва лозим буд, ки бояд зудтар анҷом меёфт.

"Медонем, ки чанде пеш Каромат Шарипов — яке аз фаъолони иҷтимоъии ҷанҷолиро ҳафтаи гузашта аз Русия ихроҷ карданд. Ман торихи дақиқи ихроҷи ӯро ҳоло гуфта наметавонам, вале бояд гуфт, ки ин иқдоми хуб ва дуруст ҳам буд ва бояд онро пештар мекардем", — таъкид кард вай.

Абдулло Давлатов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Бо думи шер бозӣ намекунанд”: Абдулло Давлатов дар бораи истирдоди Каромат Шарипов

Ҳамчунин масъалаи ғайриқонунӣ гирифтани шаҳрвандии Русия ва ихроҷи Каромат Шариповро рӯзнноманигори "Мир новостей Узбекистана" пурсон шуд.

"Дар  бораи ғайриқонунӣ гирифтани шиносномаи Русия аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ пурсон шуданӣ будам. Суоли дуввумини ман  чунин аст, ки мехостам касе аз Шумо қазияи истирдоди Каромат Шариповро тавзеҳ диҳад",- қайд кард вай.

Ба ин суол низ раиси Федеросиюни муҳоҷирони Русия посух гуфт.

Ба гуфтаи Вадим Коженов, мушкилоти ғайриқонунӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия дар ҳақиқат дар солҳои 1990-ум зиёд ба назар мерасид, ки пас аз солҳои 2000-ум камтар шудааст.

"Мушкили гирифтани шиносномаи ғайриқонунӣ дар ҳақиқат дар солҳои 90-ум калон буд. Ман дар ёд дорам, ки даро солҳои 2013-ум агар хато накунам, 80 ҳазор шиносномаи Русия бекор карда шуда будунд",- ёдовар мешавад вай.

Коженов афзуд, дар ҳақиқат дар амали ғайриоқонуқни ба даст овардани шиноснома дасти масъулон низ ҳаст, ки бояд ҷавоб диҳад.

"Ман розӣ ҳастам, ки агар масъулин бо истифода аз ваколатҳояшон  барои касе ғайриқонунӣ шиноснома тартиб доҳанд, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд",- гуфт вай.

Аммо шаҳрвандон агар қонунҳои Русияро вайрон накарда бошанд, метавонанд бори дигар барои гирифтани шиноснома муроҷиат кунанд, афзуд ӯ.

Ин ҷо Коженов дубора ба мавзуи истирдоди Каромат Шарипов баргашт ва гуфт, Каромат Шарипов дар асосҳои содда ва фаҳмо ба Ватанаш истирдод гардидааст.

"Чуноне ки аз посухи аввали ман маълум гардид, Шарипов ҳам дар чунин вазъият қарор гирифт. Тафтишот, аз ҷониби хадамоти муҳоҷиратии Русия Смоленск маълум кард, ки Каромат Шарипов шаҳрвандии Русияро ғайриқонунӣ ба даст овардааст. Ҳуҷҷатҳо дар парванда ҳастанд",- таъкид кард вай.

"Баъдтар ба Тоҷикистон дархост равон карда шуд, ки оё вай шаҳрванди Тоҷикистон ҳаст ё не. Посух чунин буд, ки бале, ҳаст, барои ҳамин чун маълум шуд, ки вай шаҳрванди Русия нест ва шаҳрванди Тоҷикистон аст, ба ватанаш истирдод шуд. Бо далелҳои содда ва фаҳмо", — тавзеҳ дод вай.

Ёдовар мешавем, пештар хабар дода шуд, ки Каромат Шарипов, ки ҳоло дар Тоҷикистон қарор дорад, нақша дорад бо сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов мулоқот кунад.

Лентаи хабарҳо
0