05:49 19 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
90 0 0

Дар бораи "Созишномаи ҳастаи"-и Эрон бо Амрико, Русия ва кишварҳои Аврупо мудири кафедраи Муносибатҳои байналмилалии раёсати Академияи назди раисҷумҳури Белорус, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Сергей Кизима нақл кард

Ғаши Амрико дар гирди барномаи ҳастаии Эрон идома дорад.

Доналд Трамп талаб кард, ки дар муддати 120 рӯз ба ин созишнома тағйирот варид карда шавад, ки ба мақсадҳои роҳбарияти вай ҷавобгӯ бошад.

 

Мудири кафедраи Муносибатҳои байналмилалии раёсати Академияи назди раисҷумҳури Белорус Сергей Кизима мегӯяд, ҷомеаи ҷаҳонӣ  тавонистааст барномаи ҳастаии Эронро назорат кунад. фФишорҳо бар Эрон бесобиқа буданд ва натиҷа ҳам доданд. Вале акнун Амрико тавофуқоти ҳосилшударо ба ҳам мезанад.

"Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ? Чаро беҳуда назди худ мушкилӣ пеш орем?",- нигарон мешавад коршинос.

Ҳамчунин Кизима гуфт, Амрико вазъ дар Шарқи наздикро ноустувор месозад. Ба гуфтаи коршинос, Амрико метавонад дар як лаҳза муносибаташро бо ҷаҳони Ислом вайрон кунад. Ин дар ҳолест, ки ҳар як шаҳрванди чоруми дунё мусалмон аст, афзудааст вай.

Барчаспҳо:
барномаи ҳастаии Эрон, коршиносон, Эрон, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ