22:46 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Саидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото

Саидмукаррам Абдулқодирзода: ҲНИТ ҳанӯз аз солҳои 70-ум мехост Ҳукуматро ба даст гирад

© Sputnik Амир Исаев
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
24421

Раиси Шурои уламои Тоҷикистон бар он аст, ки ташкили ҳизб ва олуда кардани он бо номи Ислом ихтилофи ҷомеаро ба миён меорад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раиси Шурои уламои Маркази исломии ҶТ Саидмукаррам Абдулқодирзода дар вебгоҳи марказ мақолае таҳти унвони "Хатари ҳизбҳои динӣ ба давлатдории миллӣ" навишта, аз хатари созмон додани ҳизбҳои динӣ ҳушдор додааст.

Ҷаноби домулло дар ин изҳороташ, гуфтааст, "таҷрибаи чандин кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба "шарофати" он ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст".

Дар идома раиси Шуро аз таҷрибаи Тоҷикистон ва ташкил шудани ҲНИТ нақл мекунад.

Ба гуфтаи Абдулқодирзода, ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИТ ҳанӯз аз солҳои 70-ум нақшаи ба сари Ҳукумат омаданро мекашидааст ва доим аз дини Ислом сӯистофода кардааст.

"Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард. Ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта, ба эътибори иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, наҳзатиён мавзӯи сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба кишвари сирф динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд",- омадааст дар изҳороти вай.

"Наҳзатиён хостанд аз дини мубини ислом сӯистифода кунанд, чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблағ ва ҳам раҳнамоиҳои маънавӣ меомӯзониданд. Пазируфта шудани Кабирӣ ҳамчун меҳмони воломақом дар Эрон, ҷонибдорӣ шудани ӯ аз ҷониби мансабдорони калони эронӣ, бар хилофи он ки ин ҳизб дар Тоҷикистон террористӣ ва экстремистӣ эълон шуд, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳайрат овард",- афзудааст ҷаноби домулло.
Аммо мардуми кишвар аз аввал ин ҳизбро напазируфтанд.

"Аслан бигирем, аз ибтидои таъсиси ин ҳизб мардуми Тоҷикистон онро намепазируфтанд, зеро аз таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар он кишварҳо ҳизбҳои исломӣ мавқеи фаъол доштанд, маълум буд, ки сиёсӣ сохтани дин ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорад",- гуфтааст вай.

Дар анҷом домулло қайд кардааст, "аслан, бо номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат сӯистифода кардан дар умқи худ ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсиии бақои давлату миллат мебошад".

Барчаспҳо:
сиёсат, ҳизб, дин, ҲНИТ, Саидмукаррам Абдулқодирзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ