15:49 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Исмоили Сомонӣ. Акс аз бойгонӣ

Оё шаҳри Душанбе ҳам номгардон мешавад?

© Sputnik
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
117840

Дар паи номгардон шудани шаҳри Қӯрғонтеппа, бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ пешгӯӣ карданд, ки номи шаҳри Душанбе низ ба зудӣ тағйир хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 23 янв— Sputnik. Пас аз интишори қарори раисҷумҳур дар бораи номгардон кардани бархе аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон, бархе аз корбарони Facebook гумоназанӣ кардаанд, ки шаҳри Душанбе низ ба зудӣ номгардон мешавад.

"Душанбе ҳамин тавр мемонад ё пойтахт ҳам номгардон мешавад?", — пурсидааст яке аз корбарон.

Дигаре дар посух ба ӯ пешгӯӣ кардааст, ки дар сурати тағйир ёфтани номи Душанбе, он Сталинобод ё Шоҳмансур номида мешавад.

"Шоҳмансур хушоҳанг аст. Маро аз чунин ном хуш меояд", — гуфтааст севумӣ.

Дар ин росто корбарони интернет ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд, Гурӯҳе аз ин номгардонӣ пуштибонӣ мекунанд ва гурӯҳе дигар онро маъқул намедонад.

Дар ин росто Sputnik Тоҷикистон аз коршинос Умед Ҷайҳонӣ эҳтимоли номгардон шудани Душанберо пурсид.

"Бо ин равиш аз номгардонӣ ва номгузорӣ, ки дар Тоҷикистон ривоҷ ёфтааст, эҳтимол дорад, ки шаҳри Душанбе низ ҳамин яке ду сол пас, яъне дар остонаи ҷашни 95-умин солгарди пойтахт шуданаш ва ё ҷашни 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, номгардон шавад. Эҳтимол дорад, ки онро масалан, "Раисобод" биноманд. Номгардонҳо хоҳанд гуфт, ки Душанбе ҷойноме қадимӣ нест. Далелашон ин хоҳад буд, ки нахустин бор аз ин ҷойном 340 сол пеш аз ин ёд шудааст. Қӯрғонтеппа низ камобеш ҳамин торихро дошт, вале Бохтараш номиданд. Куҳантар аз он Дарбанд буд, ки Нурободаш номиданд. Яъне ториху пешина барояшон ҳеч арзишу аҳамияте надоранд ва агар гурӯҳе пешниҳод кунад, ки пойтахти Тоҷикистон "Раисобод" номида шавад, бечуну чаро Душанберо ҳам номгардон хоҳанд кард".

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи номгардонии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд ва бархе аз ноҳияву шаҳраку деҳаҳои вилояти Хатлонро имзо кард.

Бино бар ин қарор дар ноҳияи Восеъ шаҳраки Восеъ ба Ҳулбук ва деҳаи Қурбоншаҳид дар деҳоти Гулистон ба Меҳробод номгардон мешаванд.

Дар ноҳияи Восеъ шаҳраки Восеъ ба Ҳулбук ва деҳаи Қурбоншаҳид дар деҳоти Гулистон ба Меҳробод номгардон мешаванд.

Дар ноҳияи Ёвон деҳаи Шота Руставелӣ дар ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ба Саргаҳ, деҳаи Тошохӯр дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов ба Боғдара ва деҳаи Будинобод дар ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфова ба Зарриндашт номгардон карда шуданд.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст.

Барчаспҳо:
номгардонӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ