02:44 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
162 0 0

Раҳбари Созмони ҷамъиятии "Ваҳдат" Дилшод Раҳимов дар бораи мушкилоти мeҳоҷирони Оренбург нақл кард

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Раҳимов гуфт, ки Оренбург барои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ вилояти тарнзитӣ аст.

Ба гуфти ӯ муҳоҷирони зиёде ин ҷо муқимӣ мешаванд.

Созмони "Ваҳдат" мушкилоти гуногуни муҳоҷиронро ҳал мекунад.

Рахимов: мигранты вынуждены обращаться к посредникам

Яке аз мушкилоти аслии муҳоҷирон ин бозҷӯии  ҳуҷҷатҳо аз ҷониби пулиси Русия аст, мегӯяд коршинос. Мақомоти Русия дарҳол аз муҳоҷирон бимаи тиббӣ талаб мекунанд, дар ҳоле, ки муҳоҷир ҳоло ба нуқтаи охирини сафараш нарасидааст. Пулис бошад чун бимаи тиббиро наёфт, муҳоҷирро ҷарима мекунад. Барои ба чунин мушкилот рӯ ба рӯ нашудан, муҳоҷирон ба миёнаравҳо муроҷиат мекунанд.

"Танҳо барои дар қайди ин ё он шаҳри Русия сабти ном кардан, муҳоҷирон ба миёнаравҳо 3000 рубл медиҳанд. Дар як рӯз 100 кас дар навбат меистаду аз ин миён фақат 20 нафар соҳиби ҳуҷҷат мешавад, дигарон маҷбуранд роҳҳои дигарро биҷӯянд", —гуфт Дилшод Раҳимов дар суҳабт бо Sputnik Тоҷикистон.

Барои суръат бахшидани ҳуҷҷатгирӣ ва дар ҳар қадам ҷарима нашудан, муҳоҷирон ба созмонҳои шубҳанок муроҷиат мекунанд.

Барчаспҳо:
мушкили муҳоҷирон, Созмони "Ваҳдат", Дилшод Раҳимов, Оренбург, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ