Гули Зард: рӯзе мерасад, ки аз қиссаи “бӯсаҳо” раисҷумҳур ҳам огоҳ мешавад

© Facebook / Гули ЗардПисательница Гули Зардова, архивное фото
Писательница Гули Зардова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хориҷ шудани нависанда Гули Зард аз Иттифоқи нависандагон барои тасвирҳои ошкоро бархе аз хонандагонро шигифтзада кардааст. “Бодоми шириндона” пас аз барканоршавии Гули Зард машҳуртар шуд

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Чанде пеш раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нависанда Гули Зардро барои тарғиби "ишқи бадахлоқона ва бисёрзанӣ" ва тасвирҳои ошкоро дар китоби "Бодоми шириндона" аз ин ниҳод ихроҷ кард.

Гули Зард бо достонҳои иҷтимоъияш пеш аз ин ҳам дар миёни мардум ошно буд, аммо ин қазия ӯро номдортар ва китоби "Бодоми шириндона"-ро овозадортар кард. Вале худи Гули Зард дар ин бора дигар назар дорад: ин пешомад ӯро дар роҳи эҷодиёт собитқадамтар мекунад.

- Салом алейкум, пеш аз ҳама чӣ аҳвол доред?

— Худоро шукр, бад нестам. Ба гуфти русҳо, ҳар касе, ки моро намекушад, қавитар мекунад.

- Аз ин ки аз ИНТ ихроҷ шудаед, чи эҳсосе доред?

— Эҳсоси хубе дорам. Ҳар касе дар зиндагӣ ниёз ба таконе ё баҳонае барои зистан дорад. Ман вақтҳои ахир ҳеҷ баҳонае надоштам ва акнун баҳонае пайдо шуд, ки бори дигар миёнамро сахт баста, қалам ба даст гирам.

- Умуман Шумо бо кадом расонаҳо ҳамкорӣ доред?

— Ман аз хурдӣ бо расонаҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ доштам. Вақтҳои охир бо 36 расона ҳамкорӣ доштам ва қарордодӣ кор мекунам. Дар умри ширин, ман ҳамеша мутарҷимӣ кардаам. Аслан ба русӣ бештар менависам. То кунун расонаҳо 174 достонамро мунташир кардаанд.

Студенты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷанҷол дар Воронеж: оё донишҷӯёни тоҷик дар воқеъ дониш надоранд

- Ба фикри Шумо, далели аслии қазияе, ки бо Шумо рух дод, дар чист?

— Сабаби ин воқеаҳо он аст, ки чанд шоиру нависанда, аз ҷумла Ҳабибулло Нозирӣ, ки он кас ҳам узви Иттифоқи нависандагон буданд, Муллоҷон Тоҳирӣ ва чанде дигар, дар бораи кирдору амалҳои раиси ИНТ Низом Қосим мақолаи интиқодӣ навишта буданд. Ман ҳамон мақолаҳоро дар сафҳаам дар шабакаҳои иҷтимоъӣ гузоштам ва тавзеҳ навиштам, ки ман бо муаллифон ҳамфикрам. Гап дар он аст, ки дар ИНТ чанде пеш раванди ихроҷ кардани аъзо оғоз шуд. Раёсат якбора чанд узви калонсолро ихроҷ кард. Пас аз он чанде аз аъзои ихроҷшуда ҳатто бемор шуданд. Хулоса, гуноҳи ман ҳамин буд, ки ман бо касоне ҳамфикр шудам, ки аз роҳбарӣ ва коркарди ИНТ интиқод карданд ва дар бало мондам.

Бояд эътироф кард, ки дар миёни эҷодкорон низ мутаасифона ҳасудҳо ҳастанд. Ин қадр ҳасуд ҳастанд, ки обрӯву нуфуз доштани касеро дар ҷомеа тоб намеороанд. Ё метарсанд, ки ман Раиси Иттифоқи нависандаҳо мешавам…

- Расман ки сабаби ихроҷ шуданатон аз Иттифоқро ҷой доштани саҳнаҳои ошкор дар осоратон номиданд, пас "Бодоми шириндона" аз чӣ қисса мекунад?

— Онҳо бар ман туҳмату буҳтон задаанд. Ҳар касе китоби "Бодоми шириндона"-ро бихонад, ҳақиқати ҳолро дар меёбад. Китоби "Бодоми шириндона" на танҳо дар бораи ишқи заминӣ, балки ишқи илоҳӣ аст. Дар он китоб дар бораи домулло Санги Кулӯла, домулло Муҳаммад Саиди Такобӣ, хулоса дар бораи касоне ҳикоят мешавад, ки аз қаҳрамонҳои фолклори мардуми тоҷик ҳастанд. Мақсади ман, тасвири ҳаёти ин гуна касон буд, ки мардум то имрӯз ёдашонро пос медорад. Китоби "Шириндона" ҳам асосаш ишқи илоҳист, ишқи покизагист — пиндори нек, рафтори нек ва гуфтори нек аст. Ва агар ман ишқро васф карда бошам, магар гуноҳе кардаам? Агар гуноҳ бошад, пас аз Нигина Амонқулова низ интиқод кунанд, ки дар ҳузури мардум "Дар оғӯши ту мемирам"-гӯён суруд мехонад. Ё ин ки шеърҳои Бозор Собир ё Сайидои Насафиро бихонанд, ё "Маснавии маънавӣ"-и  Ҷалолуддини Мавлавиро нигоҳ кунем. Дар бораи онҳо чӣ мегуфта бошанд?

Намоиши байналмиллалии китоб дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар озмуни Иттифоқи нависандагон касе соҳиби ҷои аввал нашуд

- Иттифоқи нависандагон боргоҳи сухан аст, то ҷое макони муқаддас ҳам ҳаст. Пас шояд ин ихроҷ карданҳо сабабе дошта бошад?

— Бале, Иттифоқи нависандагон боргоҳи сухан аст. Ман фикр мекунам, зери "ихроҷ карданҳои" раиси иттифоқ нимкосае аст. Чун аъзоеро аз он ихроҷ мекунад, ки боистеъдод ҳастанд.

- Вақти узв шуданатон дар Иттифоқ касе аз ин "камбудҳои" навиштаатон интиқод накарда буд?

"Бодоми шириндона" 7 бор бознашр шудааст. Дигар ин ки вай пешгуфтор дорад, виростори масъули китоб яке аз мунаққидони машҳури Тоҷикистон Абдураҳмони Абдуманнон аст, ки узви раёсати Иттифоқи нависандаҳо аст. Чуноне ки ман медонам, ғайр аз раиси Иттифоқи нависандагон дигар ҳама бо номаҳои Низом Қосим дар бораи ман мухолиф буданд.

- Шумо чӣ гуна узви Иттифоқи нависандагон шудаед?

— Барои узв шудан дар Иттифоқи нависанда бояд на кам аз се китоб дошт, ки дар интишороти давлатӣ чоп шуда бошанд. Ба ғайр аз муҳаррири масъул китоби маро дар нашриёти "Адиб", ки давлатӣ аст, хонда буданд. "Бодоми шириндона" дар нашриёти "Адиб" низ нашр шудааст. Вақти узв шудан ман се китоб доштам: "Бодоми шириндона", "И такое бывает" ва "Аспи аҷал" ва ҳама ҳамин виросторонашон муҳаррирони матбаъҳои ҳукуматӣ ҳастанд. Пас онҳо чунон беақл буданд, ки китобҳои "фаҳши" маро иҷозат ба нашр медиҳанд?!

- Пас аз узви Иттифоқи нависандагон шудан, дастуре ҳаст, ки бояд шоир ё нависанда онро риоя кунад ва мувофиқи он бояд дар тасвир аз манзараҳое даст кашад, мисли "бӯсаҳо"-и Шумо?

— Чунин дастуре нест. Китоби "Бодоми шириндона" на танҳо дар бораи ишқи заминӣ, балки ишқи илоҳӣ аст. Аммо ин тасвирҳои ман баҳонае беш набуданд.

Ман фикр мекунам, касоне, ки имрӯз дар роҳбарӣ ва раёсати Иттифоқии нависандагон менишинад, тасодуфӣ ҳастанд, на аз адабиёти классикӣ бохабар ҳастанд ва танҳо худхоҳона аз эҷодиёти худро медонанд. Агар ин тавр набошад, як занеро мисли ман, ки мақсадам фақат роҳи росту нек буд, ба занҳо мубориз буданро омӯхтан буд, нисбати ман ин хел муносибат мекарданд? Ман дар гуфтаҳоям, агар танқид карда бошам ҳам чизи зиёдатие талаб накардам ва фақат хоҳиш кардам, ки ҳамон пиронро аз Иттифоқ пеш накунанд, то назди наздикони худ ва ҷомеа дилшикаста нашаванд.

Лондон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нависандагони тоҷикро дар Лондон беҳтарин ном доданд

- Ба фикри Шумо имрӯз, ки асри технология аст, мавзуъҳое, ки нависандагон интихоб мекунанд ба талаботи хонандагон ҷавоб медиҳад? Бояд кадом тасвирҳоро интихоб кард, ки китоб ҷолиб шавад? Ва оё дар ҳамин ҳол истифодаи саҳнаҳои ошкор мардумро ба китоб бар мегардонад?

— Бозори зиндагӣ бозорест, ки маводи панҷсомона низ харидорашро пайдо мекунад ва панҷоҳсомона низ пайдо мекунад. Китоб бо китоб замин то осмон тафовут дорад. Агар шумо дуконҳои китобфурӯшии Душанберо гардед, ҳеч кадоме аз китобҳои маро пайдо намекунед. Ҳамаашон фурӯхта шудаанд. Аммо ҳастанд китобҳое, ки нависандагонашон дар курсии раёсати Иттифоқ нишастаанд, аммо китобҳояшон зери чанг дар китобфурӯшӣ хобидаанд. Нависандае, ки воқеиятро менависад, хонанда пайдо мекунад. Бояд ҳамин тавр навишт, ки як нафарро ба роҳи рост ҳидоят карда тавонист. Луқмони ҳакимро пурсиданд, "Одоб аз кӣ омӯхтӣ?", гуфт, "Аз беодоб". Вақте ки мо дар бораи як фоҳиша менависем, ҳамин тавре менависем, ки дагарон аз ин роҳ гарданд ва аз он нафрат кунанд, мақсад тарғиби фоҳишагарӣ нест.

- Оё қаҳрамонҳои достонҳои Шумо прототип ё пешнамунаи худро доранд?

— Бале. Ман чизеро аз худам намебофам. Фолклори тоҷик як чизҳое дорад, ки то имрӯз навишта  нашудааст. Гоҳо мешавад, ки ман барои як ҳикояро навиштан 20 соли умрамро сарф кардаам. Китоби "Бодоми шириндона" китоби нотамом аст. Дар китоб танҳо қисми аввалаш гирд оварда шудааст ва дигар қисмҳояш то ҳол дар расонаҳо мунташир мешаванд.

- Оё истеъфои Шоира Раҳмиҷон бо қазияи Шумо иртиботе дорад?

— Ман намедонам. Аммо метавон гуфт, ки ин иқдомаш эътирозе буд. Агар ин тавр рафтан гирад, бисёриҳо аз ИНТ мераванд.

- Мехостед, дубора узви Иттифоқи нависандагон шавед?

— Вақте ки як нафар мегӯянд, ки ту лоиқи номи чемпион нестӣ, вай агар чемепиони ҳақиқӣ бошад, кӯшиш мекунад, ки дубора исбот кунад, ки чемпиаон аст. Офтобро бо доман пӯшида намешавад. Беақлтарин одами рӯйи дунё бо зану кӯдак сар ба сар мешавад. Онҳо боре ҳам маро дар муҳокимаҳошон даъват накарданд. Берия ҳам аз номи Сталин ҳар корро мекард. Ман боварӣ дорам, ки ҳоло ин бозиҳо дар Иттифоқ то раисҷумҳур нарасидаанд. Рӯзе мерасад, ки ин гапҳо ба гӯши раисҷумҳур низ мерасад ва баъд ҳақ ба ҳақдор мерасад.

- Саломату муваффақ бошед. Ҳаргиз дилшикаста нашавед!

- Не, ҳаргиз. Ташаккур аз Шумо!

Лентаи хабарҳо
0