12:05 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Рустам Иноятов

Грозин дар бораи барканории Иноятов: ӯ ба Мирзиёев монеа эҷод мекард

Sputnik
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
345 0 0

Ба гуфтаи сиёсатшинос, роҳбари ХАМ Узбакистон "чеҳраи бонуфузи сиёсие буд, ки ҳастии вай дар сари қудрат то ҷое барои Мирзиёев монеа эҷод мекард"

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Истеъфои роҳбари Хадамоти амнияти миллии Узбакистон Рустам Иноятов, ки қариб 25 сол зимоми  ин қудрат дар дасташ буд, қадами ниҳоии  Шавкат Мирзиёев  дар ташкили элитаи нави сиёсии кишвар мебошад ва муносибати байни ниҳодҳои қудратиро суфта мекунад, мегӯяд корманди калони илми Донишгoҳи шарқшиносии АУР Андрей Грозин.

"Пас аз як соли иваз шудани раисҷумҳур дар Узбакистон низоми дохилии элитаи нави кишвар мукаммал шуд- низоме ки танҳо ба як нафар тобеъ аст ва онро як шахс идора мекунад",- мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи вай, "Иноятов чеҳраи қавии сиёсие буд, ки ҳастии вай дар сари қудрат то ҷое барои Мирзиёев монеа эҷод мекард".

Дар ин истеъфо чизе ғайричашмдоште нест, масъала сари он буд, ки ин ҳодиса кай рух медиҳад, баъди як сол, як моҳ ва ё як рӯз. Ба гуфтаи коршиносон, "Қассоб ки ду то шуд, мол ҳаром мемирад", мегӯяд вай.

"Акнун метавон гуфт, ки дар Узбакистон командаи нави раисҷумҳур шакл гирифт. Он аз мансабдороне  иборат аст, ки танҳо ба Мирзиёев тобеъ ҳастанд. Аз ин пас бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳар кори раисҷумҳур аз иқдоми худи ӯст ва касе ба вай фишор наовардааст",- гуфт сиёсатшинос.

Ёдрас мешавем, раиси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон, генерал-полковник Рустам Иноятов имрӯз пас аз 23 соли қудраташ барканор шуд.

Додситони кулли пешини Узбакистон Ихтиёр Абдуллоев ба ҷойи Рустам Иноятов таъин шудааст.

Барчаспҳо:
барканоршавӣ, Рустам Иноятов, Осиё, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ