19:39 23 майи 2018
Пахши мустақим
Мардум дар назди гузаргоҳи Патар-Андархон

Ашки шодӣ, дидори наздикон: хурсандии мардуми Тоҷикистону Узбакистон аз боз шудани марз

© Махмуди Ашурмухаммад
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
163870

Зане ба шаҳрвандон самбӯса пухта оварда тақсим мекард. Вақте ки аз вай пурсиданд, далели ин амалаш дар чист, гуфт фарзандонам ҳангоми убур кардани марз аз минтақаи минакошташуда кушта шуданд. Овозаи шодикаф шудани пирамарде ҳам дар пайи ин хабар асос доштааст

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Аз даҳуми феврал гузаргоҳи "Андархон-Патар" дар сарҳади Тоҷикистону Узбакистон кушода шуд. Рӯзноманигор ва сокини шаҳри Конибодом Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад дар бораи вазъ дар назди сарҳад дар рӯзҳои аввали боз шудани он нақл мекунад.

Хабари ғайричашмдошт

10 феврал марзи байни Тоҷикистону Узбакистон дар гузаргоҳи марзии "Патар — Андархон" ба тав­ри ғайримунтазира кушода шуд ва сокинони шаҳру навоҳии наздисарҳадии ду кишвар имкон пайдо намуданд, то панҷ рўз ба мамлакати ҳамсоя биду­ни раводид ва ягон сабти будубош меҳмон шаванд.

 Мардуми ду ҷониб ин хабарро бо хурсандии бемисл истиқбол намуданд.  Ин хабар ончунон ногаҳонию боварнокарданӣ буд, ки даҳҳо сокинон аз ду ҷониби марз аз рўзи аввал барои убури марз навбат меистоданд, аммо даҳҳои дигар танҳо барои донистани воқеияти ин хабар меомаданд.

 Мо рўзи дуюм ба ин гузаргоҳ расида бо чашми сар дидем, ки мардум аз бозшавии марз то кадом андоза хушнудӣ мекарданд.

Вақте мо ба ин гузаргоҳ расидем, даҳҳо нафар аз ду ҷониб барои убури марз навбат меистоданд. Сардори дидбонгоҳи "Патар" Набиҷон Нурматов низ таъкид намуд, ки мардум аз бозшавии гузаргоҳ ҳамвора изҳори хушнудӣ мекунанд.

Сокини деҳаи наздимарзӣ Валиҷон Самиев мегўяд, як рўз пеш чизе аз кушоиши марз дарак намедод, аммо субҳи рўзи шанбе садои карнаю даф аз он канори деҳ, аз рух додани воқеае огоҳ кард.

 Баробари шунидани хабари хуш як соат ҳам мунтазир намонда, сўи гузаргоҳ давидам ва нимаи дуюми рўз дар деҳаи Қиялии ноҳияи Бешариқ будам. Аз дари манзили духтарам даромадани ман ончунон ғайриинтизор буд, ки ҳама шах шуда монданд.

 То субҳ хоб накарда набераҳоро дўстдорӣ кардам, вале рўзи дигар зуд баргаштам, ки Худо накарда дубора гузаргоҳро набанданд.

Ашки шодӣ, дидори наздикон баъди солони тӯлонӣ

Сокини ноҳияи Конибодом Гавҳарой Низомо­ва, ки зодаи деҳаи Қароқўйлии ноҳияи Бешариқ аст, мегўяд панҷ сол инҷониб наметавонист ба дидори падару модараш расад, вале ба шарофати бозшавии марз имкон ёфт, чанд рўзро дар хонаи падарӣ гузаронад.

Сокини ҷамоати Лаккони Ис­фара Хурсандой низ ба ноҳияи Яйпон ба дидори пайвандонаш мерафт. Аммо Тухтасин Ҷўраев со­кини деҳаи Патар мегўяд хоҳарашро, ки ба деҳаи Узун арўс шуда буд,чандин сол ба ин тараф на­дидааст ва имрўз аз дидори хоҳару хоҳарзодаҳояш шод баргаштааст.

Люди на границе Таджикистана и Узбекистана
© Махмуди Ашурмухаммад
Люди на границе Таджикистана и Узбекистана

 

Дар гузаргоҳ хоҳишмандони сафар ончунон зиё­данд, ки то панҷ соат навбат истодан лозим меояд. Бо ин ҳама дар ҳар баст то 500 нафар аз ду ҷониб гузаргоҳро убур мекунанд, яке бо чашмони ашк­бор, дигаре бо дили аз шодӣ лабрез.

Тоҷихон-холаи 86 сола аз деҳаи Чимбойи ноҳияи Бешариқ мегўяд, кай сарҳадро гузашта буд, ёд надорад.

"Аз рўзе, ки ин хабарро шунидам, хобро гум кардам. Аз шодӣ роҳбарони ҳарду давлатро дуо мекунам, ки давла­ти дидорро ба мо баргардонданд",- мегуфт ў, ки бо се духтару як писараш ба деҳаи Гулшани ноҳияи Ашт мерафт.

 Аммо Абдуқодир-акою духтаронаш  мегўянд, дар даҳ соли охир ба Кўшкак бори аввал, ба дидани амакаш меояд ва мегўяд, амакзодаҳояш ўро шояд нашиносанд.

Як хонуме, ки бо ашки шашқатор аз ҷониби Узбакистон гузашт, худро рўи роҳ афканд. Ин зодаи деҳаи Патар бо ташнагӣ ба сах атроф назар меандохту аз тамошои манзараи пурхору хаси зимистон гўё сер намешуд.

"Дар ҳамин саҳро бачагиам бо говчаронию алафчинӣ гузаштааст, вале тақдир маро ба деҳаи  Рапқони ноҳияи Бешариқ бурда, ҳашт сол ин тараф зори дидори падару модар будам",- мегӯяд вай.

Ҳодисаи шодикаф шудани як сокини деҳаи Совуртеппа ҳам то ҷое воқеият доштааст. Ин мўйсафед ба Конибодом ба дидори ду духтараш омада, ҳамин ҷо ҷон ба ҷонофарин супурдааст. Шояд зафъи дил дошту эҳтимол шодии беҳадро набардошт.

Муаммоҳои вақт

Ҳарчанд мардуми ду ҷониб изҳори хушҳолӣ мекунанд, интизории зиёд дар марз бисёриҳоро хаста кардааст. Аз ҷониби Узбакистон ба осонӣ мегузаранд, аммо дар қисми сарҳадбонӣ бисёр мунтазир мешаванд.

Дар гузаргоҳ ивази асъор нест, онҳое ки солҳо аз ёру диёр дур афтода буданд, масири ҳаракатро намедонанд. Аммо инҳо муаммоҳои вақт ҳастанд. Муҳимаш бо амри Худо ва ҳиммати сарварони ду кишвар, ду халқи ҳамдил боз ба ҳам омаданд. 

Муносибати Тоҷикистону Узбакистон

Дар Узбакистон пас аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар муносибатҳои кишвар бо Тоҷикистон як қатор беҳбудиҳо ворид карда шуданд. Соли гузашта, пас аз 25 сол бори аввал дар масири Тошканд-Душанбе ҳаракатҳои ҳавоӣ ҷорӣ карда шуданд.

Чанде пеш сарвазири Узбакистон Абдулло Орипов ба Тоҷикистон сафар кард ва бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Пеш аз сафари Орипов ба Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев дар маҷлисе дар Тошканд гуфт, "бо ҳамсояҳо дубора дӯстӣ хоҳем кард". Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо нахуствазири Узбакистон гуфт, "Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояе ҳеҷ гоҳ монеа эҷод накардааст.

Ба нақша гирифта шудааст, ки аввалҳои баҳор раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон меояд.

Барчаспҳо:
гузаргоҳи марзӣ, сарҳад, мардум, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ