Интихоб миёни баду бадтар: чаро қонун падару модаронро дар ҳар сурат “бад” медонад?

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПосетители в компьютерном клубе, архивное фото
Посетители в компьютерном клубе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон аз падару модарон хоста шуда, ки ба тарбияи фарзандонашон бештар таваҷҷуҳ кунанд ва онҳоро аз таъсири бади бошгоҳҳои бозиҳои компютерӣ эмин доранд

Нӯшин Раҳимӣ. Чанде пеш вазири маорифу илми Тоҷикистон Нуриддин Саидзода теъдоди донишомӯзонеро эълом кард, ки барои қонуншиканӣ муҷозот шудаанд.

Дар соли 2017 дар Тоҷикистон дар чорчӯби иҷрои Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон камубеш 16 ҳазор маврид қонуншиканӣ сабт шуда ва аз падару модарон 1,3 милюн сомонӣ ҷарима ситонда шуд. Дар миёни ҷаримашудагон ман ҳам будам.

Бозиҳои роёнаӣ дар Душанбе дар рӯзи рӯшан

Рӯзе кормандони милиса писари 13-солаамро дар яке аз бошгоҳҳои бозиҳои компютерии шаҳри Душанбе дастгир карданд, ки Вазорати умури дохилии ҶТ ҳануз порсол вуруди навҷавононро ба он мамнуъ карда буд.

Ногуфта намонад, ки ВУД он замон вуруди наврасону навҷавононро ба ресутронҳо, каҳва-нетҳо, бунгоҳҳои даллолии шартбандӣ ва монандашон низ маҳдуд карда буд.

Манъи вуруди ҷавонони то 20-сола ба тарабхонаҳо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Манъи вуруди ҷавонони то 20 солаи тоҷик ба тарабхона ва кафе

Табиъист, ки писари беқарори маро дар он бозигоҳ дида, кормандони милиса дар ҷо протоколи қонуншиканиро тартиб дода ва бедиранг парванда аз рӯи модаҳои 4 ва 8 Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандонро ба додгоҳ фиристоданд.

Шояд дигарон аз хашм доду фарёд бар медоштанд, вале ман ин корро накардам. На аз он рӯ, ки ҳаргуна саргузаштро дӯст медорам, балки аз барои он ки бибинам бархӯрд бо ман чун бо модари масъулиятнашинос чигуна хоҳад буд ва оё ман муҷозот хоҳам шуд ё на.

“Мо дар хонае наздик ба ин бошгоҳи бозиҳои компютерӣ зиндагӣ мекунем. Пас писарам аз хона дур нарафта буд. Замон ҳам, чуноне ки мебинед, 13:30 нимрӯз аст”, — мегӯям ба нозири минтақаии милиса ва ёдоварӣ мекунам, ки қонун вуруди наврасон ба бунгоҳҳои саргармиро пас аз соати 18:00 манъ кардааст.

“Дуруст аст, вале писаратон машғул ба бозии интернетии Counter Strike буда, ки ҷанбаи теруристӣ дорад”, — мегӯяд вай суханамро буридаву кӯшиш мекунад бифаҳмонад, ки ман модари хубе набудаам, агар писарамро иҷоза додаам, ки машғул ба чунин бозие шуда бошад.

Вале, ростиямро бигӯям, худам дақиқан ҳамингуна бозиҳоро иҷоза намедиҳам писарам бозӣ кунад, ҳатто замоне, ки масалан, пас аз тамошои филм вориди бозигоҳи кӯдакон дар Ашан мешавем, ки дар канори бозиҳои маъмулӣ бозиҳои видеоии размӣ ҳам кам нестанд.

Намедонам чаро, вале касе кӯдакони хурдсолтар аз писари маро манъ намекунад, ки рӯзона машғул ба чунин бозиҳо шаванд. Афзун бар ин, кормандони милиса ҳаргиз ба он бозигоҳ сар намекашанд. Аммо ман ҳам нахостам худро бегуноҳ бишморам, зеро писарам дар воқеъ напурсида аз хона берун рафта буд.

Посетители в компьютерном клубе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои милиса ва додситонӣ дар Душанбе наврасони шабгардро боз доштанд

“Ман омода ҳастам дар пешгоҳи қонуни Тоҷикистон посух диҳам, вале ин суол маро бештар машғул медорад, ки оё барои соҳиби он бунгоҳе, ки писари маро дар он дастгир кардаанд, масъулияту муҷозоте дар назар гирифта шуда ё на? Магар ӯ метавонист онҷо ворид шавад, агар ӯро онҷо роҳ намедоданд?”, — мепурсам ман, зеро агар қарор аст дар Тоҷикистон бо ҷалби кӯдакон ба бозиҳои дорои ҷанбаи теруристӣ мубориза баранд, ин мубориза бояд ҳамаҷониба ва решаӣ бошад.

Вале дар посух ба ин пурсиш нозири минтақаии милиса зери лаб мегӯяд, ки гӯё соҳибони чунин бунгоҳҳо ҷаримаву муҷозот намешаванд, зеро дар муҷаввизи ин бунгоҳҳо ҳарфе аз аз маҳдудияти синнии корбарон нест.

“Яъне онҳо ҳамчунон фарзандони шуморо ба ин бозигоҳҳо ҷалб хоҳанд карду бепарво аз кисаашон пул хоҳанд гирифт, вале шумо чорае ҷуз ин нахоҳед дошт, ки дунболи фарзандонатон раведу нагузоред, ки вай машғул ба бозӣ шавад. Медонам, ки нохушоянд хоҳад буд, вале ин мушкили қонунгузорон аст: бархе аз қонунҳо манъ мекунанд, вале дигарҳо иҷоза медиҳанд. Мову шумо чорае ҷуз риояташон надорем, то ин ки шояд ислоҳашон кунанд”, — гуфт милиса бо ноумедӣ.

Интихоби падару модарон миёни баду бадтар

Як ҳафта пас аз он ман додгоҳӣ шудам. Бо як даста аз ҷоизаҳову ифтихорномаҳои писарам додгоҳ рафтам. Хушбахтона, писарам ҳамаҷониба рушдкарда аст: хуб дарс мехонад, варзиши шино мекунад, гитор менавозад, забони инглисиро жарф меомӯзад, вале ҳарчанд 13-сола шуда, аммо ҳануз ҳам чандон ақл ёд нагирифтааст: вай дар баробари мамнуъиятҳо тобовару пойдор нест ва бо гиряву зорӣ эътироз мекунад, ки бозиҳои компютерӣ чи ихтилофе бо қонун доранд?

“Магар шумо дар хона компютер надоред, ки писаратон дар он Counter Strike бозӣ кунад”, — мепурсад додрас, ҷоизаву ифтихорномаҳои писарамро яке-яке аз назар гузаронда.

Нуриддин Саидзода - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаримаи 10 ҳазор волидайн барои нақзи қонуни масъулияти волидайн

“Бале, дорем! Дуто роёна дорем, вале дар ин сурат маънии ин мамнуъият чист, агар вай дар ҳар сурат машғул ба ин бозии бад мешудааст? Магар ман дигар модари баде нахоҳам буд, агар ӯ “дар хона кушокуш кунад, на дар кӯча?”, — бо тааҷҷуб мепурсам аз додрасю

“Бо таваҷҷуҳ ба вазъе, ки акнун дорем, модари баде нахоҳед буд”, — бо лабханд мегӯяд вай.

“Худатон фикр кунеду аз баду бадтар якеро интихоб кунед, зеро феълан шумо муҷрим ҳастед ва бояд ҷарима шавед. Ман, албатта, кӯшиш хоҳам кард, ки шумо камтарин ҷаримаро пардохт кунед. Бибахшед, ки наметавонам камтар аз 150 сомонӣ ҷарима бибандам, ҳарчанд аз ҷоизаву ифтихорномаҳояш мебинам, ки шумо ҳама ҳарчи аз дастатон бар меояд, барояш анҷом медиҳед ва писаратон бесарпараст нест”, — мегӯяд додрас ва мепурсад, ки оё тавони пардохти ин ҷаримаро дорам?

Ман, ростиямро бигӯям, тавони анҷоми бисёр корҳоро дорам. Вале тавони бардошти вазъеро надорам, ки ман дар ҳар сурат бад шумурда шавам.

Лентаи хабарҳо
0