Коршинос: Раҳмону Мирзиёев масоили лағви раводидро баррасӣ мекунанд

© SputnikДмитрий Александров, архивное фото
Дмитрий Александров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бораи сафари дар пешистодаи президенти Узбакистон ба Тоҷикистон роҳбари бахши тадқиқотҳои осиёмарказии Пожӯҳишгоҳи тадқиқотҳои стратегии Русия Дмитрий Александров нақл кард

Ба гуфтаи коршинос сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистонро метавон таърихӣ унвон кард. Зеро ба гуфтаи вай, дар соли 2017 муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон мушкил шуда буданд.

Александров: визит Шавката Мирзиёева в Таджикистан будет интересным

"Мушкилиҳо дар соҳаи аломатгузории марз, низоми сахти марзӣ ба назар мерасиданд. Яке аз масъалаҳои муҳим, ки мунссибати ду кишварро тира мекард, масъалаи тақсими захираҳои обӣ-ин мавзуъи сохтмони НБО бузург дар Тоҷикистон аст", — мегӯяд Дмитрий Александров.

Вай афзуд, ки барои Тоҷикистон об пеш аз ҳама аҳамияти муҳими энергетикӣ дорад ва Узбакистон бошад барои обёрии заминҳои кишвар пеш аз ҳама истифода мекунад.

Ҳоло барои Узбакистон муносибат бо Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад, барои ҳамин интизор меравад, ки сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон бисёр ҷолибу бомуваффақ хоҳад буд, таъкид мекунад вай.

Коршинос дар рӯйхати масоиле, ки эҳтимол меравад, дар рафти сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон ҳалли худро ёбад, масоили убури сарҳад, лағви низоми раводид ва нишонагузории марзиро номбар мекард.

Афзун бар ин, коршинос пешбинӣ мекунад, ки Узбакистон дар сохтмони НБО ба Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0