14:15 19 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон

Шавкат Мирзиёев: мо орзуи мардумамонро амалӣ кардем

© Пресс-служба президента Таджикистана
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон (18)
19710

Раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев сафари расмии худро ба Тоҷикистон таърихӣ номида, аҳамияти ҳалли масъалаи марзӣ ва кушодани гузаргоҳҳоро бавижа таъкид намуд

ДУШАНБЕ, 12 мар- Sputnik. Пас аз сафари худ ба Тоҷикистон, раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев аз Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани фазои хуби корие, ки ба танзими муносибатҳои байни ду кишвар мусоидат кард, арзи сипос намуд.

"Аҷдодони мо дар як замин зиндагӣ мекарданд, аз як чашма об менӯшиданду китф ба китф гузошта, якҷоя тамоми душворӣ ва озмоишҳоро паси сар мекарданд. Ин сафарро метавон таърихӣ номид, зеро мо он корҳоеро ба анҷом расонидем, ки халқҳо ва аҷдодонамон дар бораашон орзу мекарданд — яъне зиндагӣ кардан дар сулҳу осоиштагӣ", —гуфт Шавкат Мирзиёев.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат мирзиёев
© Фото : Официальная страница главы РТ в Facebook

Вай илова кард, ки дар байни 27 санади дуҷониба, ки дар Душанбе ба имзо расидаанд, муҳимтаринашон шартнома дар бораи қисматҳои марзи давлатӣ мебошад.

"Ҳоло мо дар бораи мӯҳлати 30 рӯзаи будубоши шаҳрвандони кишварҳоямон ҳамоҳангӣ кардаем, вале ин танҳо оғози роҳи душвор аст, сипас мо ҳама чизҳоро ба назар мегирему таҳлил мекунем. Аммо ин муваффақият аст. Шумо агар ба чашмони пур аз ашки одамоне, ки ба гузаргоҳҳои кушодашудаи марз омада буданд, менигаристед, худатон дарк мекардед… Бисёре аз онҳо 25-30 сол боз, хешу табори худро надида буданд ва акнун метавонанд озодона ба хонаҳои якдигар раванд", - таъкид кард роҳбари Узбакистон.

Ба гуфти Мирзиёев, новобаста аз он, ки гуфтушунидҳо осон набуданд, ҳоло масъалаҳои мубрам намондаанд.

Раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев сафари расмии дурӯзаи худро  ба Тоҷикистон ба анҷом расонид. Таи ду рӯз Мирзиёев бо раисиҷумҳур ва нахуствазири Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қохир Расулзода мулоқот карда, дар консерти "Шоми дӯстӣ" дар шаҳри Душанбе иштирок кард.

Ин нахустин сафари расмии Мирзиёев ба Тоҷикистон, пас аз сафари раисиҷумҳури пешини Узбакистон Ислом Каримов ба Душанбе буд.

Мавзуҳо:
Сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон (18)

Мавзуъ

Раҳимзода ҳамтои узбакашро бо фаъолияти "Шаҳри бехатар" ошно кард
Беҳтарин лаҳзаҳои сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Гуфтушуниди таърихӣ: натиҷаҳои сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ ва Раҳмонбек Усмонов созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд
Навори гашту гузори Раҳмон ва Мирзиёев дар бӯстонсаройи раисҷумҳур
Барчаспҳо:
халқи тоҷику узбак, дӯстӣ, Шавкат Мирзиёев, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ