05:33 10 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Эксперт по Афганистану Андрей Серенко, архивное фото

Серенко: ҷанги сард миёни Узбакистон ва Тоҷикистон ба поён расид

© Фото: Facebook / Андрей Серенко
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
169 0 0

Коршиноси Бунгоҳи пажӯҳиши масоили Афғонистон аз дурнамои равобити Тоҷикистон ва Узбакистон мегӯяд

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дар равобити Тоҷикистон ва Узбакистон таҳаввулоти бунёдин рух додааст, бо итминон мегӯяд Андрей Серенко. Вай бар ин бовар аст, ки ҷанги сарде, ки миёни ин ду кишвар дар заминаҳо ва ба шакҳои гуногуне ҷараён дошт, дигар ба поён расидааст.

"Ин ду кишвар барои баҳсу кашокаш баҳона бисёр доштанд, вале барои оштӣ далел надоштанд ва ҳар кадоме ҷудо аз дигаре умурашро мечархонд", — гуфт Андрей Серенко дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Ин коршинос муътақид аст, ки агар ҳам Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон ҳеч санадеро имзо намекарданд, худ ҳамин сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон аз аҳамияте фаровон бархӯрдор мебуд.

"Ҳаяҷонангезтарин хабар ва дастовард дар ин сафар эъломи омодагии Узбакистон дар иҷрои тарҳҳои энержии Тоҷикистон, бавижа дар сохтусози нерӯгоҳи Роғун, аст. Дақиқан ҳамин тарҳ далели аслии ихтилофот ва сардии равобит миёни Душанбе ва Тошканд буд", — тавзеҳ дод Серенко.

Вай таъкид кард, ки амалкарди Мирзиёевро муҳаррики аслии ин дигаргуниҳо мешуморад. Ӯ бар ин бовар аст, ки дар паи ин иқдомот ду кишварҳои гомҳои бештаре ба сӯи наздикии бештар хоҳанд бардошт.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар паи сафари расмии раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон сарон ва намояндагони ду кишвар 27 санади ҳамкори дар заминаҳои гуногун имзо карданд. Дар миёни он аснод Изҳороти муштараки сарони ду кишвар дар бораи таҳкими дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ва Созишномаи дуҷониба дар бораи бархе аз манотиқи марзи давлатии Тоҷикистон ва Узбакистон низ ҳастанд.

Барчаспҳо:
ҷанги сард, Андрей Серенко, Узбаикстон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ