Қадамшоев: гардишгарон бештар сафар аз Тоҷикистон ба Афғонистонро меписанданд

© © Sputnik / Рубен ГарсияШакар Кадамшоев, директор турфирмы Badakhshan Travel, архивное фото
Шакар Кадамшоев, директор турфирмы Badakhshan Travel, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар хусуси вижагиҳои созмондиҳии турҳо ба Афғонистон раиси ширкати сайёҳии “Badakhshan Travel” нақл кард

Дар Маскав намоишгоҳи сайёҳӣ баргузор гардид, ки дар он аввалин бор ширкатҳо аз Тоҷикистон ширкат намуданд. Хабарнигори Sputnik Таджикистан бо раиси ширкати сайёҳии "Badakhshan Travel" сӯҳбат кард, ки ӯ сафарҳои ҷип-туриро дар Помиру Афғонистон ташкил мекунад.

Рӯзноманигор аз вай пурсид, ки "оё барои хориҷиён гардишгарӣ дар он соҳили Панҷ бехатар нест?".

На таджикско-афганской границе, Пяндж - Sputnik Тоҷикистон
Гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон чи меҷӯянд

"Вақте ки гардишгарон аз Афғонистон ба ватани мо меоянд, мегӯянд, ки дар Афғонистон худро бехатар, мисле ки дар Тоҷикистон, ҳис кардаанд. Мардумони он тарафи марз хеле меҳмоннавозанд ва аз дидори хориҷиён, ки ба он ҷойҳо кам сафар мекунанд, хеле шод мешаванд. Аммо ман мехоҳам таъкид кунам, ки ин танҳо ба манотиқи бехатар тааллуқ дорад, масалан, ба Бадахшони Афғонистон", — шарҳ дод Қадамшоев.

Ӯ ҳамчунин тавзеҳ дод, ки дар ин соҳа 18 сол боз кор мекунаду, ҳеҷ мушкилии вижаеро во нахӯрдааст. Мизоҷони асосӣ гардишгарон аз кишварҳои аврупоиянд: олмониҳо, фарансавиҳо, англисҳо ва ғайра. Конодоӣ ва амрикоиҳо низ ба омадан шурӯъ кардаанд, илова кард раиси ширкати сайёҳӣ.

"Мо қаблан бо мизоҷон ҳамоҳангӣ мекунем, ки онҳо ба куҷо сафар кардан мехоҳанд", — гуфт Шакар.

Кадамшоев: есть районы Афганистана, где путешествовать безопасно
Лентаи хабарҳо
0