04:04 23 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин

Владимир Путин ихтиёр ба даст овард то сохтусози ҷаҳони чандқутбиро ба поён бирасонад

© Sputnik / Алексей Дружинин
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
562 0 0

Натиҷагирӣ аз интихоботи раёсатҷумҳурии Русия ва дурнамои ояндаи кишвар аз нигоҳи сутуннависи Sputnik Ростислав Ишенко

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Ба гузориши Кумисюни марказии интихоботи Русия, дар паи шумориши 99,81 дарсад аз раъйҳо, Владимир Путин бо дарёфти 76,67 дарсад дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия пирӯз шуд.

Бино бар ин гузориш, дар ин раъйгирӣ беш аз 70 дарсад аз раъйдиҳандагон ширкат карданд ва Владимир Путин 5 милюн раъй бештар аз интихоботи соли 2012 ба даст овард.

Ин панҷ милюн раъйро, ки Путин дастоварди гузаштаашро беҳтар карда, агар аз дидгоҳи камият баррасӣ бикунем, ба ин натиҷа мерасем, ки ин шумора басанда аст, ки раисҷумҳуриҳои ҳар се кишвари дарёбори Балтик интихоб шаванд. Агар қарор бар ин набошад, ки дар даври аввали интихобот пирӯзӣ ба даст оварда шавад, бо ин теъдод аз раъй метавон афзун бар он се кишвардор ҳамчунин раисҷумҳури Молдоваро низ интихоб кард.

Касе ҳам шакку тардид надошт

Дар ин ки, раисҷумҳури феълии Русия дар ин интихобот пирӯз мешавад, касе шакку тардиде надошт. Ҳамчунин касе тардид надошт, ки вай дар даври аввал комёб хоҳад шуд. Ҳарчанд шӯхзабонҳо "дӯстону ҳамкорон"-амонро масхара мекунанду мардум бар онҳо ришханд мезанад, вале сафоратҳову дигар намояндагиҳои он кишварҳо нонашонро муфт намехӯранд ва авзоъву аҳволи Русияро онҳо беҳтар аз ҳар токсирону сартароше мешиносанд.

Пас аз соли 2012 ҳеч кадоме аз сиёсатмадорони ғарбӣ дигар рӯи "Майдон" дар Русия ҳисоб намекард. Агар шаш сол пеш натавонистанд дар Русия ҳам "майдоне" чун дар Укроин роҳандозӣ кунанд, пас аз Қрим ва Сурия дигар ҳеч умеде ҳам надоштанд, ки чунин коре аз дасташон бар меояд. Аммо бозии сиёсӣ беҳуда барои дарозмуддат барномарезӣ намешавад. Бохти имрӯзӣ танҳо дар сурате маргбор мешуд, ки агар кишвари шикастхӯрда аз нақшаи сиёсии ҷаҳон нобуд мешуд. вале агар он нобуд нашуда, пас ҳатман бохташро ҷуброн кардан мегирад.

Русия дар ин бисту чанд сол пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ он бохташро ҷуброн мекард. Аз ин рӯ мо ҳеч шакку тардид надоштем ва наметавонистем дошта бошем ҳам, ки агар ҳарифони мо дар сиёсати ҷаҳонӣ ин интихоботро аз даст медоданд, кӯшиш хоҳанд кард бохташонро дар интихоботи оянда ҷуброн кунанд. Ба дигар сухан, ин интихобот барояшон танҳо аз дидгоҳи осодасозии замина барои идомаи бозӣ ҷолиб буданд.

Он "дӯстони" Русия ин корро осон гирифта буданд. Гумон доштанд, ки агар ҳама мухолифону мунтақидони давлатро, аз чапгароҳову ростгароҳову либералҳову "меҳандӯстон" ва онҳое, ки "чеҳраҳои нав дар сиёсат мехоҳанд" ва ё "ҳаргиз раъй намедиҳанд", ҷамъ кунанд, метавонистанд бар интихобот асару таъсир расонанд. Яке аз аҳдофашон ин буд, ки бо ин роҳ дарсади раъйҳо ба тарафдорӣ аз Путинро кам кунанд. Агар, масалан, вай дар даври аввал, ки дар он 60 дарсад аз кулли раъйдҳандагон ширкат мекарданд, 55 дарсад раъй ба даст меовард, ин "дӯстон" далеле ба даст меоварданд, ки бигӯянд шаҳрвандони Русия аз сиёсати раҳбари кишвар пуштибонӣ намекунанд ва "хостори рӯёрӯи бо Ғарб нестанд".

Бозиҳои "дӯстон ва шарикҳо"

Дар чунон шароите "шарикҳо" бедиранг шумориши раъйҳои гумшударо оғоз мекарданд. Дар шаш соли дигар ҳам бароямон афсона мегуфтанд, ки миллат "аз давлат рӯй мегардонад" ва "раҳбари дигаре меҷӯяд". Гумон ҳам набояд кард, ки ин роҳкорашон судманд намебуд.

Боре, Ғарб ин ҳадафро ҳам намедошт, ки дастнишондаҳояш дар интихоботи оянда баранда шаванд. Ҳамин басанда мебуд, агар раъйҳо ба тарафдорӣ ва мухолифат бо сиёсати давлат баробар мешуданд.

Агар ин омор камобеш ҳамтароз мешуд, ба суди "шарикҳо" буд. Ҳатто агар, масалан, 55 дарсад тарафдор ва 45 дарсад мухолиф ҳам мебуданд, боз ҳам "шарикҳо" афзоре коромад барои оғози бозии фаъол бар зиёни давлату ҳукумат ба даст меоварданд. Манзурашон барканории он ҳам намебуд. Ҳамин бас буд, ки авзоъро нобасомон кунанд.

Дар он сурат мушкилот дар сиёсати дохилӣ дасти Кремлро аз фаъолият дар арсаи хориҷӣ кӯтоҳ ва онро осебпазиртар мекарданд то водор шавад нерӯяшро аз умури хориҷӣ ба умури дохилӣ бикашонад. Коҳиши фаъолият дар арсаи хориҷӣ боис мешуд, ки Русия аз пуштибонии ҳампаймонҳои хориҷӣ маҳрум шавад ва онҳо низ осебпазиртар шаванд ва путибонҳои дигареро барои худ биҷӯянд.

Агар кор чунин сурат мегирифт, дар Русия ҳамон сенорюе амалӣ мешуд, ки имрӯзҳо дар Амрико амалӣ мешавад: Вашингтон ҳампаймонҳояшро дар Ховари Миёна аз даст дода ва ба сахтӣ ҳамдастии кишварҳои Ғарбро дар чорчӯби НАТО нигаҳ доштааст.

Худкушӣ кун

Фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ (ва ҳар кишвари паҳновари дигаре) гувоҳ бар ин аст, ки коҳиши тавоноӣ ва асаргузории кишвар дар сиёсати хориҷӣ коҳиши тавони молӣ ва иқтисодии кишварро низ дар пай дорад, ки он ҳам коҳиши сатҳи зиндагӣ ва даромади давлат ва миллатро дар пай меоварад.

Кишвар дар чунин шароите гирифтори мушкилоте мешавад, ки ҳалл карданашон ниёз ба замону тавоне дарозу бисёр дорад. Бурунрафт аз гирдоби он мушкилот кӯшишу талоше тавонфарсо, тамаркузи ҳама захоиру манобеъ, раҳбарони боистеъдод ва фидокории як наслро лозим дорад. Чунин шароите кам даст медиҳанд, ки ҳамзамон дар як замон ва дар як макон иттифоқ биафтанд.

Интихоботи гузашта бояд Русияро чунон таконе медоданд, ки рӯ ба заъф мегузошт ва аз бозии бузурги геополитикӣ ё гетосиёсӣ хориҷ мешуд. Сипас "дӯстону шарикҳо" дар 10 – 15 сол корашро яксара мекарданд. Аммо интихоботи сипаришуда ҳамин 10 – 15 солро даврае нисбатан орому босубот барои Русия гардонданд.

Дар ин солҳо фишор бар Русия бештар хоҳад шуд ва онро ба ҳар ҷанҷолу кашокаш хоҳанд кашонд. Вале ҳар боре, ки рақибон кӯшиш хоҳанд кард манобеъ ва захоири Русияро даргири ин кашокашҳо кунанд, худ водор хоҳанд шуд, ки чанд баробар бештар аз он нерӯву манобеъро ба кор бигиранд. Ғарб дар бист соли гузашта бо умед ба иқтидори иқтисодии худ дақиқан ҳамин роҳро мерафт.

Амрико ва Иттиҳоди Урупо ин ҳама сол ба ин умед, ки "то фарбеҳ лоғар мешавад, ки лоғар мемирад" беҳуда манобеъашонро бар бод медоданд. Вале дар ин солҳо Русия рӯ ба беҳбуд ниҳод, аммо Ғарб чунон лоғар шуд, ки дигар манбаъе ҳам надорад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтанд, ки равишеро, ки барои Иттиҳоди Шуравӣ ба кор бурда буданд, барои Русия низ ба кор бигиранд, яъне барояш кашокаши дохилие роҳ биандозанд.

Нокаут

Пирӯзии Путин дар интихобот, ки гувоҳ бар пуштибонии шаҳрвандон аз сиёсати давлат ва инсиҷоми миллат дар баробари фишорҳои хориҷӣ аст, танҳо замонате барои шаш соли раёсат бар кишвар нест. Дар сиёсат шикофу рахнаҳое низ вуҷуд доранд.

Субот дар як чашм ба ҳам задан ҷояшро ба бесуботӣ намедиҳад. Ин ҷойгузинӣ ниёз ба замоне нисбатан тулонӣ дорад. Чунончи, Иттиҳоди Шуравӣ даҳ сол пас аз даргузашти Брежнев дар соли 1982 даврони суботашро аз даст дод ва дар паи ҷобаҷоии якчанд раҳбар ва саранҷом раҳбарии нобихрадонаи Горбачёв аз ҳам фурӯ пошид. Дар Амрико чунин давроне аз буҳрони соли 2008 оғоз ёфта ва бесуботӣ сол аз сол ошкортар мешавад.

Ҳарчанд Амрико басе бештар аз Иттиҳоди Шуравӣ манобеъ дар ихтиёр дорад ва метавонад манобеъву захоири кулли Урупо ва ниме аз ҷаҳонро ҳам аз худ кунад, аммо низомии кунунии сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, ки бар фармонравоии Амрико ва Ғарб бунёд ёфтааст, танҳо дар сурате метавонист боз 10 соли дигар пойдо бимонад, ки агар ҳар соле пирӯзие ҳарчанд кӯчак ба даст меовард ва саранҷом дар рӯёрӯӣ бо Русия баранда мешуд.

Агар чунин дурнамое вуҷуд надошта бошад, имкони басиҷу тамаркуз кардани манобеъ камтар мешавад ва мухолифатҳо низ дар миёни нухбагони Ғарб мутаносибан афзоиш меёбанд. Шаш соли рушди пештозона ва ҳаддақалл шаш соли нисбатан босубот (ҳарчанд барои Русия бад ҳам бошанд), ҳеч шансе ба Урупо нахоҳанд дод, ки дар ин рӯёрӯи баранда шавад.

Ҷаҳони чандқутбӣ

Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Ғарб дар тули сол кӯшиш кунад бо афзоиши фишор ва бим додан аз ҷанг Русияро водор ба ақибнишинӣ кунад. Намунааш густохиест, ки Тереза Мей ва давлати подарҳавояш кӯшиш доранд бо доман задан ба рӯёрӯӣ бо Русия мавқеъи сиёсии худро дар дохили кишвар устувор кунанд ва Урупоро ҳам ба пуштибонӣ аз Бритониё фаро хонанд. Аммо на Бритониё ба ин ҳадафаш хоҳад расид ва на Урупо дар кулл. Раванди инъиқоди созишномаҳои ҷудогона миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Урупо ва Русия шитоб гирифта ва беш аз пеш хоҳад шуд.

Имсол барои Русия ба сахтӣ хоҳад гузашт, зеро пешравони Урупо – Фаронса, Олмон ва Итолиё – бо Русия барои "ҷаҳони наву зебо" чоназанӣ хоҳанд кард. Сахтиву душвории ин чоназаниҳоро метавон аз пешзаминаи ҳамкориҳои Русия ва Туркия дар Сурия боз шинохт. Вале дар поёни имсол ва ё дар миёнаҳои соли оянда пешнамои ороиши ҷаҳони чандқутбиро ба чашм хоҳед дид. Ҳар кишваре, ки то он замон бо Русия созиш накунад, фурсатро аз даст хоҳад дод, чуноне ки Укроин аз даст дода, ки гумон дошт дар соли 2014 ғаноимеро аз ҷанги Ғарб бо Русия ба даст хоҳад овард, вале акнун худ ғанимате шуда, ки шарикҳои пешини ғарбияш онро пора-пора мекунанд.

Ғарб ҳамеша аз ин асл пайравӣ карда, ки "имрӯз ту бимиру фардо ман" ва ин қоида барои ҳама кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла қудратмандтарин кишваҳои Иттиҳоди Урупо ва НАТО сидқ мекунад. Кишварҳои Урупои Шарқӣ, ки ҳамин чанд муддате пеш бо шодиву хушнудӣ аз Шурои ҳамкории иқтисодӣ (СЭВ) ба Иттиҳоди Урупо гурехта буданд, камтар фурсате барои иттихози тасмими сарнавиштсоз доранд. Агар чунин тасмимеро ҳамин акнун нагиранд ва ҳамчунон саргарми тикаву пора кардани ҳамсояҳои камбахташон бошанд, дере нахоҳад гузашт, ки худ агар ба дасти "рафиқони бузургашон" дар Иттиҳоди Урупо тика-пора нашаванд, вале дастхуши ғорату чаповули иқтисодӣ хоҳанд шуд.

Натиҷа ин ки раъйдиҳандагони Русия ба Владимир Путин ваколати номаҳдуд дар замонро доданд то сохтусози ҷаҳони чандқутбиро ба поён бирасонад. Дигар кишварҳо ночоранд дар ин воқеъияти гетосиёсии нав ба гунае зиндагӣ ба сар баранд. Ҳарчи зудтар ин воқеъиятро дарк кунанд, ҳамон андоза барояшон беҳтар хоҳад буд.

Барчаспҳо:
раисҷумҳур, дастовард, интихобот, Владимир Путин, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ