Коршинос: дузанагӣ дарди сари мардҳо мешавад

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкЖенщины в Мельничной колоннаде
Женщины в Мельничной колоннаде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини мудири Бунёди имдоди фарҳанги исломӣ Вячеслав Полосин мегӯяд, ҳарчанд тибқи қонунгузории Русия дузанагӣ мамнӯъ бошад ҳам, бархе аз муҳоҷирон ҳамсари дувум мегиранд. Ба гуфтаи коршинос, мардон бо ин роҳ мехоҳанд аз мушкилие халос шаванд, аммо хато мекунанд

Ба гуфтаи муовини мудири Бунёди имдоди фарҳанги исломӣ Вячеслав Полосин, бисёрзанӣ байни муҳоҷирон дар Русия ба мушкилие табдил ёфтааст.

Бархе аз муҳоҷирон ба хилофи қонунгузории Русия, ки бисёрҳамсарӣ мамнӯъ аст, зани дуввум мегиранд ва бо ин роҳ мехоҳанд аз мушкилие халос шаванд.

"Чунончӣ як равоншиноси исломӣ мегӯяд, бештари мардоне, ки ҳамсари дуввум мегиранд, мушкилиҳои равонии худро ҳал карда наметавонанд. Барои ҳамин ҳамсари дуввум мегиранд, ки аз он раҳо ёбанд. Аммо бо ин роҳ, мушкилии онҳо дучанд мешавад",- гуфтааст Палосин дар рафти як миззи мудаввар дар Маскав.

Полосин о многоженстве среди мигрантов

 

Чанде пештар Sputnik Қирғизистон дар бахши "Мусоҳиба бо равоншинос" мактуби ҷавонеро мунташир карда буд, ки ӯ аз сардшавии муносибатҳояш бо ҳамсараш шикоят мекард.

Дар посух ба ин мактуб, равоншинос Илдар Акбутин навишта буд, "барои беҳтар кардани муносибатҳои оилавӣ бояд ҳамеша кор кард. Агар кӯшише накардед, ҳама гуна муносибат вайрон мешавад. Муносибатҳои ҳамсарӣ ба оташе монанд аст, ки бояд доим ба он ҳезум партофт."

Лентаи хабарҳо
0