Башшор Асад зарбаҳои мушакии ИМА ба Сурияро таҷовуз номид

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Сирии Башар Асад. Архивное фото
Президент Сирии Башар Асад. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Башшор Асад ҳамчунин аслиҳаи русро хеле мусбиёна баҳо дод ва бартарияти онро аз силоҳи ғарб, қайд намуд

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Сурия Башшор Асад зимни мулоқот бо вакилони порлумони Русия дар Димишқ, зарбаҳои мушакии кишварҳои Ғарбро ба хоки Ҷумҳурии Арабии Сурия таҷовуз номид, эълом дошт роҳбари Округи худмухтори Ханти-Мансийск  Наталя Комарова, ки ба ҳайати намояндагон шомил аст.

"Башшор Асад ҳамон вокунишеро дар нисбати зарбаҳои мушакии Ғарб нишон медиҳад, ки мардуми Сурия. Вай зарбаҳои мушакии Ғарбро ҳамчун таҷовуз ба хоки кишвараш маънидод мекунад", — гуфт хонум ба хабарнигорон.

Жители Дамаска высказались о ракетном ударе по Сирии - Sputnik Тоҷикистон
Ҳазорон сурӣ барои дастгирии Башор Асад ба кӯчаҳо баромаданд

Ҳамчунин оқои Асад дар робита ба иқтидори аслиҳаи рус бисёр мусбӣ ибрози назар кард ва бартарияти онро дар нисбати силоҳи ғарб зикр намуд, эълом дошт узви кумитаи Думаи давлатӣ оид ба умури байналмилалӣ Сергей Железняк.

Субҳи 14-уми апрел нерӯҳои мусаллаҳи ИМА, Бритониё ва Фаронса ба иншоотҳои ҳукуматии Сурия зарбаҳои мушакӣ заданд, ки ин иншоот, ба фикри онҳо, барои тавлиди аслиҳаи кимёвӣ истифода мешаванд.

Дар кулл ба Сурия зиёда аз 100 мушак сар дода шуд, ки аксари онҳо тавассути нерӯҳои зиддиҳавоӣ нест карда шуданд.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ин амали ИМА-ро маҳкум карда, зарбаҳои мушакии мазкурро омили таҷовуз алаҳи як давлати мустақил номид.

Лентаи хабарҳо
0