22:43 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Игор Коротченко

Коротченко гуфт, чаро Ғарб ба Русия таҳдиди ҳамлаи ҳастаӣ мекунад

© Sputnik / Евгений Одиноков
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
90 0 0

Сирки сиёсии нухбагони бритониёӣ ба таҳаввулоти сиёсии Ғарб ишора мекунад, мегӯяд сардабири маҷаллаи “Дифои миллӣ”, коршиноси ҳарбӣ Игор Коротченко

Игор Коротченко мегӯяд, ки дар ҷаҳони имрӯза хатари ҷанги бузург ниҳоят зиёд аст. Ба андешаи ӯ, майлҳои харобиовар шиддатноктар шуда истодаанд.

Дар гузашта, вақте ки ИҶШС ва ИМА низоми ягонаи ҷаҳонро ташкил карда буданд, ҷаҳон бештар амният дошт, зеро ҳама хавфи хатари убури "хати сурхро" дарк мекарданд.

"Имрӯз фаҳмиши хатар гузаштааст. Замоне, ки силоҳи ҳастаӣ вуҷуд дорад, он моҳияти ҳар гуна навъи ҷангро бемаънӣ месозад. Вале бубинед, ки дар Ғарб чӣ чизҳо рух медиҳад, дар он ҷо лаффозии таҳдидҳои ҳарбӣ вуҷуд дорад, аз ҷумла зарбаҳои ҳастаӣ ба Русия. Ин ҳама дар сатҳи сиёсати расмӣ ва эъломияҳои ҳукуматҳо сурат мегирад", — шарҳ дод Игор Коротченко ба радиои Sputnik.

Вай таъкид кард, ки Русия ба Ғарб таҳдиди зарбаи силоҳи ҳастаиро надорад ва ҳеҷ кадом аз роҳбарони Русияи муосир орзуи таҳдиди нест кардани ИМА-ро дар сар намепарварад.

Ба фикри коршиноси ҳарбӣ, дар Ғарб таназзули нухбагони сиёсӣ, дар муқоиса бо пешвоёни собиқ он, мушоҳида мешавад.

Имрӯз Борис Ҷонсон (сарвари ВКХ Бритониё — ишораи муҳаррир) бо муваффақияти бузург метавонист дар сирк баромад ва ҳатто бидуни ороиш дӯстдоштаи тамошобинон гардад, боварӣ дорад Игор Коротченко.

Ӯ ҳайратзада шуда, ки чигуна нафарони сатҳи Тереза Мэй ва Борис Ҷонсон ба аршҳои баландтарини ҳукмати Бритониё расидаанд.

Барчаспҳо:
сиёсат, Бритониё, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ